Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор тадбирҳои экологӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, хонандагони МТМУ№12 ва ҷавонони фаъоли деҳаи Қаратоғ бо мақсади тоза намудани соҳили дарё «Аксияи тозагии соҳил» […]
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки беш аз 800 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳал ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаи “Тозагии маҳал” ,“Тозагии роҳ” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани […]
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёду таҷдиди иншооти гуногун ба таъмиру ободонии шафати роҳҳои нақлиётгард мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Имрӯзҳо кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар даромадгоҳи маркази шаҳри Турсунзода саргарми кор буда, ба таҷдиду азнавсозии ҷӯйҳо ва роҳи пиёдагард, машғуланд, ки […]