Аҳолӣ

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ДЕҲАИ ДАҲБЕД

print
Тибқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади расидан ба арзу дархости сокинон қабули навбатии сайёри раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар деҳаи Даҳбед баргузор шуд.
Сокинони деҳот вобаста ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзишӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҷудо намудани саҳми замин барои бунёди хоҷагии деҳқонӣ, мусоидат дар таъмири бомпӯши китобхонаи деҳа, дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои ниёзманд ҷиҳати таҳсил дар муассисаи олии таълимӣ ва ғайрааҳо ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳр ба масъулин супориш дод, ки дархости сокинони деҳотро тибқи талаботи Қонун баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба роҳбарияти шаҳр маълумот манзур намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *