Ҷавонмардони шаҳри Турсунзода дари хайру эҳсонро боз намуда, ҷиҳати дастгирии табибони беморхонаҳои шаҳр, ки бо бемории маргбори коронавирус даст ба гиребон ҳастанд, амалҳои хайру эҳсон менамоянд. Ҳамзамон сироятшудагон, хонаводаи онҳо ва оилаҳои ниёзманд ба кӯмаку мадад фаро гирифта мешаванд. Эҳсони навбатӣ аз номи яке аз оилаҳои фаъоли шаҳр – оилаи Атохоҷаевҳо ба беморхонаҳои шаҳр расонида шуд, ки аз 2 мошинаи ҷомашӯӣ, 4 дарзмол 2000 ниқоб 2000 дастпушаки тиббӣ, 2000 антисептик, 100 айнак, 50 бастаи либоси махсуси тиббӣ, 200 литр равғани растанӣ ва теъдоди дигар маводи тиббӣ иборат аст. Маводҳои мазкур ба беморхонаҳои шаҳр тақдим гардида, аъзои оилаи Атохочаевхо, Иззатулло Атохоҷаев иброз дошт, ки рӯзҳои наздик эҳсони навбатии хонадони Атохоҷаевҳо аз ҷумлаи маводи аввалияи ғизоӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва оилаҳои ниёзмандон расонида мешавад.
Сабтҳои охирин
ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ 10-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд. Дар ин замина раиси шаҳр ба масъулин вобаста ба сари вақт мавриди баррасӣ қарор додани арзу дархости шаҳрвандон супориш дода, таъкид намуд, ки муроҷиатҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва […]
ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ТУРСУН ТУЙЧИЕВ
Имрӯз қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев баргузор шуд. Сокинони маҳал ба раиси шаҳр барои мусоидат дар масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, трансформатори иловагӣ барои таъмини бемайлони барқ, муайян намудани мавзеи замини […]
МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА ХОҶАГИДОРОНИ ДЕҲОТ
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо соҳибкорон ва хоҷагидорони ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев мулоқот оростанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара бармеоянд, истифодаи босамари замин, хусусан, вусъати корҳои саҳроӣ дар самти кишти такрорӣ, саривақт ҷамъоварии дастранҷи деҳқон, захираи маводи […]