Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба сохтмони бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сохтмони бинои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлтии шаҳри Турсунзода, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” оғоз шуда, аз ду ошёна ва 4 утоқи корӣ иборат аст. Тибқи маълумоти роҳбарияти Марказ бинои собиқи он ҳанӯз соли 1937 сохта шуда, дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бинои нав бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.