Нуқтаи назар Хабарҳо

ДАР ЧАҲОРЧЎБАИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

print

ДАР ЧАҲОРЧЎБАИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр баромадҳояшон таъкид  месозанд, ки дар шароити кунунӣ бояд кулли зиёиён ва шаҳрвандони кишвар дар баробари аз худ кардани беҳтарин арзишҳои ҷомеаи башарӣ дар раванди глобализатсия  манфиатҳои миллии хешро дуруст дарк ва ҳимоя намоянд. Воқеан ҳам мо агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишварро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

         Ҳар як фард ба  ин фазилатҳои накў дар ҳолате сазовор мегардад, ки  ба маънои том меҳанпарасту миллатдўст бошад. Оре, дўст доштани Ватан, миллат, мероси фарҳангӣ ва  таърих ба ҳар шахси солимфикру бедордил ва хосса зиёиён воҷиб аст. Тавре Роҳбари давлатамон иброз медоранд: “Аммо ин дўстдорӣ ба ҳеч кас ҳуқуқ намедиҳад, ки… одоби муомилаву муошират, маданияти хоси миллии тоҷикон ва ҳусни музокираву тафоҳумро поймол намояд. Ин асолатро набояд фаромуш кард”.

        Ман ҳамчун омўзгори забон ва адабиёти тоҷик маънои пурэҳсоси суханони Президенти кишварамонро хуб дарк мекунам ва вазифаи хешро дар он мебинам, ки дар қатори таблиѓгарони  ин ҳадафҳои дурандешу мубрами рўз бошам. Воқеан ҳам камолоти асил ва маънавиёти волои инсон нафақат дўст доштан, балки аз хуб донистану эҳтиром намудани забони хеш ва забонҳои дигар халқиятҳо иборат мебошад.

         Вақте ки дар бобати амалиёти забони модарӣ дар ҷомеаи мо сухан меравад, як ҳолати начандон мувофиқи ҳақиқатро мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гўиё вақтҳои охир забони мо бисёр “мураккаб” гаштаасту дар “масъалаи фаҳмиш” ва истифодаи ў мушкилиҳо пеш меояд. Лекин ин гуна ашхос фаромўш мекунанд, ки забон низ мисли кулли ҷараёнҳои  ҳаёт дар “ҳаракат” мебошаду ба таври мунтазам ба такмилу ривоҷ рў меоварад. Аз тарафи дигар, ҳамчун забони қадимтарин ва нобу шево ба равнақи забонҳои гуногуни дуру наздик (дар аснои муколамаву муошират) таъсири мусбӣ мерасонад ва худаш низ аз ҳисоби калимаҳои нав бою ѓанитар мегардад. Омили сеюми дигаргуниҳо дар забони мо он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забоншиносон ва дигар мутахассисони соҳа ба даври нави фаъолияти маъсулиятнок қадам гузоштаанд ва ҳоло дар марҳилаи ҷустуҷуиву мукаммалсозии забони маърифатофари мову шумо қарор доранд.

         Дар ҳар сурат мо вазифадор ҳастем, ки барои баланд бардоштани нуфуз ва нақши забони давлатӣ тамоми восита ва имкониятҳоро  сафарбар намоем. Масъулияти баланд ва иштироки фаъолонаи омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷанба ҳатмӣ ва шиори рўзмарра мебошад.

Маърифат ЮСУФОВА,

омўзгори МТМУ  №21-и

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *