Хабарҳо

ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ – ОМИЛИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ ПАДИДАҲОИ ХАТАРЗО

print

ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ – ОМИЛИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ ПАДИДАҲОИ ХАТАРЗО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи мубрами рўз – беш шудани ҳаводиси вобаста ба терроризму экстремизм ва ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтани он, ки дарди доѓи рўз мебошад, таъкид менамоянд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Дар ҷойи дигар Пешвои миллат фикри худро тақвият бахшида вобаста ба пешгирии ин падидаи нанговар қайд менамоянд:  «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Сарвари давлати тоҷикон ҷаҳониёнро ҳушдор месозанд, ки терроризму экстремизм характери локалӣ надошта, симои умумибашариро ба худ касб кардаасту зиён расонидани он ба ҳар як гўшаи амни дунё имконпазир мебошад. Аз ин рў муттаҳидии тамоми кишварҳои Сайёраи Замин дар раҳи мубориза бо он шарти ҳатмӣ мебошад.

Экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатарзо имрўз, мутаассифона ба муаммои чигили ҳалталаб табдил ёфтааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксаран ташкилотҳои сиёсӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ноком шуда, бо ниқоби демократияву эътиқоди динӣ мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои сиёсиву динии онҳост. Бо истифода аз расонаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма мехоҳанд мафкураи гурўҳи заъфи ҷомеаро дигаргун ва тобеи худ сохта, онҳоро бар зидди сохти конститутсионии ин ё он кишвар шўронанд.

Фирефташудагони ин ниҳодҳои террористиву экстремистӣ асосан ҷавонон мебошанд. Ҳамин ҷавононанд, ки аз интернет бештар истифода мебаранду шабакаҳои иҷтимоӣ барояшон ба дунёи воқеӣ табдил ёфтааст. Истифодаи беназорати интернет, муҳоҷирати дур аз волидайну пайвандон ин гурўҳи заъфи ҷомеаро мубталои доми ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мегардонад. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсаду мароми шахсони ифратгаро ва гурўҳҳои террористиро омўзанд ва барои дур шудан аз он кўшиш кунанд. Нуктаи муҳими дигар он аст, ки ҷавонон имрўз созандагони таърихи кишваранду дар ҷараёни тамоми ҳаводиси он мебошанд. Аз ин рў, бояд онҳо дарк намоянд, ки ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои волои давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардани онҳо қарзи инсониву мардонагӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи пасти донишҳои сиёсӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, беэътиноии фаъолони ҷомеа ва ѓайраҳо омилҳои асосии пайдошавии ин падидаи номатлуб ва сабаби гаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мегардад.

Аз ин рў ҳар як падару модар ва фарди соҳибмаърифати ҷомеа, муассисаҳои маориф ва фарҳанг, ниҳодҳои идеологӣ ва мақомоти дахлдорро мебояд, ки дар ин ҷабҳа муттаҳид гардида,  барои мубталои ин «маризии сирояткунанда» нагардидани ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Шарофиддин РУСТАМОВ,

роҳбаришабакаи КАТС-и

шаҳриТурсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *