Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Турсунзода ба истиқболи 111 солагии зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиши адабӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш адибони шаҳр, навқаламон, дӯстдорони шеъру адаб ва мухлисони ашъори шоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ, тарбияи адибон, […]
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расму оин ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон эҳё гардида, фарҳанги миллӣ рушду такомул ёфта истодааст. Аз ҷумла, баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз чорабиниҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади муаррифии сару либоси миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, ороишу парвариши мӯй, намоиши гесӯи дароз дар кишвар […]
Шашмақом аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи муқҳтарам Пешвои миллат ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар толори Хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода Рӯзи Шашмақом тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода мухлисони санъати ниёгон ва ҳунармандонро ба муносибати […]