Хабарҳо

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ  ТУРСУНЗОДА

print

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободонӣ аз ҷумлаи бунёди иншооти иҷтимоӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист, таъмири роҳҳои автомобилгарду роҳравҳои маркази шаҳр, чароғонкунӣ ва ғайраҳо дар шаҳри Турсунзода  бомаром идома дошта, ба шаҳр симои тоза зам намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар баробари корҳои зикршуда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳат ва фароғати сокинону меҳмонони шаҳр дар шафати роҳравҳо насби нишастгоҳҳо ҷараён дошта, ҳамчунин атрофи нишастҳо сафолакпӯш ва хуррамгардонӣ карда мешавад

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *