Сайёҳӣ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ

print

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода дар заминаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ” ҳамоиш баргузор гардид.


Дар мавзуи матраҳшуда муовини раиси шаҳри Турсунзода Фахрия Бобоҷонзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ва мутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода суханронӣ карданд.Аз ҷумла таъкид шуд, ки Ваҳдат яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, омили асосии пешрафт ва тараққиёт арзёбӣ мегардад. Агар мавзеъҳои зебову нотакрор манбаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб раванд, пас таконбахши рушди сайёӣ маҳз ваҳдату ҳамдилии сокинони кишвар аст.
Амирбекзода Ҳабибулло аз ҷумла илова намуд, ки дар баробари сайёҳати кӯҳиву экологӣ дар табиати зебои шаҳри Турсунзода сайёҳони хориҷӣ ба агурзорҳои шаҳр таааҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд аз ин лиҳоз бе муҳобо метавон гуфт, ки Турсунзода макони ояндадори рушди сайёҳии аграрӣ шинохта шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *