Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Сайёҳӣ Сиёсат Хабарҳо

 Кабирӣ аз ислом даст кашид, аммо боз ҳам касе ба ӯ бовар накард (Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хӯрд?)

print

 Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шуд. Дар он раиси гурезаи наҳзат М.Кабирӣ як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи ӯ ва хоҷагонаш бори дигар шикаст хӯрд.

Идомаи чунин талошҳо маънои онро дорад, ки мутаассифона, наҳзатиён ва пуштибонони онҳо иштибоҳоти фоҳиши худро, ки солҳои навадум боиси 150 ҳазор кушта, як миллион гуреза ва даҳҳо ҳазор ятиму бепарастор дар Тоҷикистон шуда буд, дарк накарда, дар пайи ислоҳи он нестанд. Баръакси ин, се соли ахир М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, бо истифода аз пуштибонии сиёсӣ, идеологӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии кишвари барои ҳама маълум ҷамъомадҳо доир карда, талош доранд, ки миёни ҷомеа ҷойгоҳ касб намоянд. Ҷамъомади навбатии ТТЭ ҲНИ дар Дортмунди Олмон низ аз ҷумлаи талошҳои ҷон бахшидан ба ин ҷасади мурда буд, ки нобарор анҷомид. Барои шарҳи он шикасти наҳзатиҳо, чанд андешаи мушаххасро дар бораи ин нишаст баён медорем:

21.Сомонаҳои наҳзатӣ аз ҳузури 300 нафар дар ҷамъомади Дормунд ҷор мезананд, дар ҳоле ки дар он ҳамагӣ то 60 нафар ҳузур доштанд, ки аксаран, наздикону пайвандон ва хешону ақрабои роҳбари наҳзатиҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, изҳори назари ин гурӯҳи кучакро наметавон “ҳамоиш” номида, дар атрофи он ҳангомасозӣ кард.

2.Ҷонибдорону ҳаммаслакони М.Кабирӣ, хусусан нафароне, ки тоҷик нестанд ва дар Тоҷикистон иқомат накардаанд, вазъияти ҷумҳуриро дуруст арзёбӣ карда наметавонанд. Суботу осудагию амнияте, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармост, дар ками андар кам давлатҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад. Аммо гурӯҳҳои дар хориҷ мустақарбуда ва минҷумла, «коршиносони худӣ»-и онҳо ба ояндаи неки давлати мо бо назари манфӣ менигаранд. Оё ҳамин  аст оини  ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Ватанро  ба  ҷои  обод  кардан  ба вайрона  табдил  доданд ва боиси  марги  ҳазорон ҳазор  мардуми бегуноҳ  шуданд. Магар  тақозои  дини  мубини  ислом ҳамин аст?  Не, албатта не!  Ин  тақозои  дили  чанд  мазҳабфурӯши наҳзатист!

            3.Ҷамъомади Дормунд, ки онро метавон «маҳфили хонаводагӣ» номид,  ба ҳадафи асосӣ – ташкили ИНОТ-2 ва дар раъси он қарор гирифтани ТТЭ ҲНИ нарасид. Тири наҳзатиҳо ва хоҷагонашон хок хӯрд. ТТЭ ҲНИ бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти мазкур теъдоди ҳар чӣ бештари тоҷикистониёни бурунмарзӣ ва намояндагони тамоми ниҳодҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд, аммо бархилофи ин саъйу талошҳои чандинмоҳаи онҳо, бархе аз афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он ва ҳамчунин таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд.

Дар ин нишаст, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, баъзе созмонҳои дигари тоҷикӣ, мисли намояндагони “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нируҳои созанда иштирок надоштанд. Зиёиёни тоҷикистонии муқими Аврупо, аз ҷумла Исфандиёр Назар, Бахтиёр Аминӣ, Ҳафиз Бобоёр, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов, Додоҷони Атовулло ва амсоли инҳо, бо он ки ба ҳамоиш даъватӣ буданд, дар он ширкат наварзиданд. Чанд нафаре аз онҳо дар 25-километрии Дормунд гирд омада, нишасти худро шӯхиомез «Боғ» унвон карданд ва зери чатри наҳзат нарафтани худро ҷасурона, бо аксҳо нишон доданд.

Зиёиён хатои пешгузаштагонро такрор накарданд. Зеро ба хубӣ дарк кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ як гурӯҳи террористон асту бас. Террористоне, ки ғайринаҳзатӣ барояшон танҳо “атеист” асту  “зардуштӣ”. Дар кӯчактарин лаҳзаҳои ростомада, ҳар як наҳзатӣ, аз ҷумла худи Кабирӣ омода аст онҳоро сангсор намояд. Чуноне, ки як дафъа дар солҳои 90-ум баъзе зиёиён бо онҳо дар майдон буданд. Ва чун наҳзатиҳо худро ҳокими даврону замон эҳсос карданд, ҳамон лаҳза нони зиёиёни дар қабаташон нишастаро ҳаром ва худашонро “кофир” ҳукм карданд. Ширкат варзидан дар ҳамоиши наҳзатиҳо бешак маънои террорист шудану бо террористон пайвастанро дорад.

4.Боқимондаҳои ТТЭ ҲНИ то ҳол собит карданӣ мешаванд, ки террорист нестанд. Дар ҳоле ки ин ҳақиқат барои тамоми мардуми Тоҷикистон маълум буда, созмонҳои бонуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва интизомие аз қабили Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД-ОДКБ) ва ИДМ бо беш аз 3,5 миллиард аҳолӣ, онҳоро чун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон намудаанд.

Ин ташкилоти террористӣ на фақат бар хилофи манофеи миллии мо амал мекунад, балки ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ буданд, ё зери таъсири он мондаанд.

Ташкили ин ҳамоиш, роҳбарии корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорони он аз кишварҳои гуногун  нишондиҳандаи идомаи сармоягузории фаъолияти ҲНИ аз тарафи кишвари маълум ва дастгирии ин кишвар аз терроризми байналхалқӣ мебошад.

Мутаассифона, созмону ташкилотҳои урупоие ҳастанд, ки ба хотири бозиҳои геополитикӣ ва манофеи сиёсию иқтисодӣ наҳзатро ба сифати бозича ва фишанги таъсиррасонӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин ҳолатро раҳбарияти наҳзатӣ хуб медонад, вале онҳо, ки сарнавишти худро ба пайсаи хоҷагонашон фурӯхтаанд, танҳо як роҳ доранд: то ҷон дар рамақ доранд, бо хоҷагони худ ҳамкорӣ карда, дар расонаҳо ҳангомасозӣ ва иғвогарӣ менамоянд.

5.Стратегияи асосии наҳзат ба даст овардани қудрат ва барпо намудани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буда, ин барномаро тавассути дарёфти маблағ, эҷоди тавтеа, иғвогарии матбуотӣ, ноором сохтани авзоъ дар минтақа ва ғайра роҳандозӣ менамояд. Аммо дар ҷамъомади Дормунд Кабирӣ бо ҳиллаи навбатӣ баромад карда, вожаи калидии «ислом»-ро аз барномаи худ ҳазф кард. ӯ расман эълон кард, ки ҲНИ аз мақсади асосии худ, яъне сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон даст мекашад ва ба ҳамсафонаш намоишкорона дастур дод, ки дигар ин мақсади ҳизбро ошкоро эълон накунанд. Вай бо ин макри навбатӣ мехост ба ду ҳадаф бирасад: Якум, мехост ташкилоти оилавию террористии худро дар назди хоҷагони аврупоияш ҳамчун як созмони дунявию демократӣ нишон диҳад. Дуюм, мехост бо ин доми навбатии худ муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёиёни муҳоҷирро ба зери нуфӯзи наҳзат дароварда, бо онҳо “эътилоф”  сохта, боз аз онҳо истифода намояд.

Аммо ҷамъомади Дортмунд нишон дод, ки ин тактикаи наҳзатӣ натиҷа надод ва касе ба ҳиллаи навбатии Кабирӣ бовар накард. ӯ натавонист ин дафъа муҳоҷирони тоҷик ва зиёиёни миллии муқими Аврупоро ба доми худ дарорад. Зеро ҳама аз таърих медонанд, ки маҳз ҳамин ҳилларо охундҳо дар инқилоби соли 1979 истифода карда буданду роҳбарони наҳзатӣ дар вақти сохтани ИНОТ дар соли 1993. Онҳо аз нерӯҳои демокртӣ ва рӯшанфикрони миллӣ барои расидан ба мақсади худ истифода намуда, сипсас, ҳамаи онҳоро на танҳо “кидат” карданд, балки бо тамғаҳои “атеист”-у “зардуштӣ”-ю “мунофиқ” онҳоро аз байн бурданд. Кабирӣ ҳам дар Дортмунд ҳамин домро густарда буд.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди тарҳу ҳиллаи нав ва бо вуҷуди ба хотири сиёсат ва қудрат расман даст кашидан аз ислом, М.Кабирӣ аз ҷамъомади Дортмунд бо дасти холӣ баргашту маблағҳои охунд-спонсорҳо ҳамагӣ ба бод рафтанд. Бе шубҳа, ин нокомӣ на танҳо шикасти наҳзатиҳо, балки шикасти фоҳиши тарроҳон ва хоҷагони онҳо низ мебошад.

 Фаридун Ориёӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *