Кишоварзӣ Сайёҳӣ Экология

БА ҚАРИБӢ – МАВСИМИ САЙДИ МОҲӢ

print
Чуноне, ки қаблан ититтилоъ дода будем дар Ҷамоати деҳоти Қарартоғи шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хоҷагии моҳипарварии “Парвиз” моҳи январи соли ҷорӣ дар соҳили дарёи Қаратоғ, деҳаит Маданият ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд, ки майдони он 7 гектарро ташкил медиҳад.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, дар ин давоми 5 моҳ дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Имрӯз аз хоҷагии мазкур раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам дидан намуд. Сардори хоҷагӣ Ҳабибов Убайдулло иттлоъ дод, ки алҳол дар ҳавзҳои омодашуда беш аз 30 ҳазор навъи моҳиҳои карп, сазан, амури сафед, пешонипаҳм ва ғайра парвариш ёфта истодаанд. Ҷиҳати афзоиши моҳӣ дар хоҷагӣ 10 коргоҳи инкубатсионӣ барои тавлиди майдамоҳӣ фаъолият менамояд, ки иқтидори истеҳсолии он беш аз 5 млн майдамоҳиро ташкил медиҳад.
Дӯстдорони сайди моҳиро охири моҳи июл ва ибтидои моҳи август мо дипурона ба сайди моҳӣ даъват менамоем,-иброз дошт сардори хоҷагӣ
Боиси зикр аст, ки хоҷагӣ дар ибтидо соҳилмустаҳмакуниро оғоз намуд, ки дарозии он беш аз 1,5 км-ро ташкил намуда, айни замон 1 км соҳил мустаҳкам гардонида шуд.а, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.
Барои сайёҳон ва сайёдон низ шароити мусоид бунёд мегардад, ки омили рушди агросайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *