Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии корвони саломатӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳҳизоти баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайраҳо маърӯзаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш гардида, инчунин моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Давоми 10 рӯз корвони саломатӣ дар деҳаҳо беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, нтернатсионалистҳо, чернобилчиён, шахсони муътабар ва дигар нгиёзмандонро хона ба хона хабар гирифта, муоина ва машварати тиббӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии деҳавӣ тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тақриби 8000 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхис фаро гирифта шуда, ба беморони дарёфтгардида тавсияҳо барои табобат фармуда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад. Менедҷери КАТС –и шаҳри Турсунзода Растамов Шарофиддин
Сабтҳои охирин
“Эҳтиёт ними ҳаёт”
Тибқи нақша чорабиниҳои Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқудда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода санаи 05 июни соли 2018 барои иштирок дар машғулиятҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар толори маҷлисгҳои Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода оиди мавзӯҳои таълимӣ бо дараҷаи “Роҳбарони синфҳои […]
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ВА ХАТНАСУРИ КӮДАКОН
Ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода маркази саломатии деҳавӣ бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, кормандони соҳаи тандурустӣ ва собиқодорони меҳнат мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази саломатии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор […]
АЗНАВСОЗИИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, яке аз бахшҳои муҳим ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди соҳа ба масъалаи тарбияи мутахассисони миёнаи касбии самти тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ равона мегардад. Дар доираи тадбирҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи […]