Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифратгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой додани идеологияҳои мазҳабии худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ингуна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо бо айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангез ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ва «хизмат ба дин» анҷом медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дороии хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва ба таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 30-сола ва дар маҷмуъ, иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстреместӣ замина гузоштаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқадасот аҳамият надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳакорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷаъмият барои пешгирӣ ва муборизаи зидди ҷиноятҳои трасимиллӣ зарур аст. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо мақсади пешгирии зуҳоти номатлуб миёни аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам баргузор мегарданд. Хусусан ин гуна суҳбатҳо дар ҳамкорӣ бо уламои дин, нозиротни минтақавӣ, шахсони барӯманду рӯзгордида, ҳамчунин раисони кумитаҳои маҳалла хусусан бо шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, доир мегардад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои тарроризми байналмилалӣ ва амалиётҳои ҷангӣ аз ҳар фарди худогоҳи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи доимӣ дошта бошад. Мубориза алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор омили пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб ёфта, сулҳу амният ва нболоравии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин менамояд. Раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова
Сабтҳои охирин
ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ»
Дар шаҳри Турсунзода директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффар бо намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавзӯи «ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ» маърӯза намуд. Зимни маърӯза қайд шуд, ки омӯзиши антропологияи инсон омили тарбияи инсони комил буда, даст ба ҷиноят задани […]
ҶӮРАБЕКОВ МАҲМАДНАИМ: ҲАР КАСЕ, ҚАСДИ ГУРЕХТАН КАРДА, БА ДАСТ МЕАФТАД…
Шоҳиди амалиётҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия Ҷӯрабеков Маҳмаднаим зимни як вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода доир ба чӣ гуна ба Сурия рафтану аз онҷо баргаштан нақл кард. Аз нақли Ҷӯрабеков Маҳмаднаим: “ Дар Россия аз соли 1998 кор мекардам. Соли гузашта бо мақсади аз нав кардани қайди ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ сарҳади Федератсияи Россияро бо давлати Туркия гузаштам. Дар […]
АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ЧАРХАИ АВВАЛИНИ «РОҒУН»
Ду рӯйдоди муҳими таърихи навтарини давлатдории тоҷикон – Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва корандозии чархаи аввали НБО-и «Роғун», аз забони мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсифи «тақдирсоз» гирифтаанд, ки айни муддаост. Ин падидаҳои марҳалавии тақдири таърихии миллати тоҷик бояд ҳамаҷониба омӯхта, аҳамияти бузурги онҳо пайваста зикр гардид ва мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи кишвар […]