Нуқтаи назар

АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ЧАРХАИ АВВАЛИНИ «РОҒУН»

print

Ду рӯйдоди муҳими таърихи навтарини давлатдории тоҷикон – Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва корандозии чархаи аввали НБО-и

 «Роғун», аз забони мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсифи «тақдирсоз» гирифтаанд, ки айни муддаост. Ин падидаҳои марҳалавии тақдири таърихии миллати тоҷик бояд ҳамаҷониба омӯхта, аҳамияти бузурги онҳо пайваста зикр гардид ва мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон қарор бигирад. Матлабе, ки дар зер манзур мешавад, ба ҳамин мавзуъ ихтисос ёфтааст.

Пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравии собиқ Тоҷикистони соҳибистиқлол пой бар арсаи байналмилалӣ ниҳод. Кишвари наве ба ҷаҳони муосир муаррифӣ ва вориди он гардид. Вале таърихи навтарини кишвар, барҳақ, аз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон шуруъ шуд. Назар ба эътирофи таъриху сиёсатшиносон, нигоҳе чунин ва арзёбии мавриди назар сабабҳои айнию зеҳнӣ дорад. Ва дар меҳвари он падидаи камназири таърих – шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба шарофати заҳматҳои беқиёси ин фарзанди фарзона ва абармарди миллат давлати навтаъсис аз нобудӣ раҳоӣ ёфт, мақоми сазовори хешро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва имрӯз рушду тараққӣ карда, ҳадафҳои стратегии худро пиёда мегардонад.

Феълан ҳамаи мо – кулли мардуми шарофатманди Тоҷикистон ва аз ин ҷумла хурду калони шаҳри Турсунзода, шоҳиди рӯйдоди бузург ва муҳими таърихӣ – мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардидаем. Ҳамзамон ба ин марҳалаи нави рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлоли мо шуруъ гардид.

Оғоз ба фаъолият кардани НБОи «Роғун» марҳалаи нави бунёдкориҳоро дар мамлакати мо боз мекунад.

Бунёдкорию созандагӣ асли кору пайкори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Даъватҳои шӯълавар ва роҳнамоиҳои беҳамтои Пешвои миллат ба ҳамин самт нигаронида шудаанд.

Ҳоло халқи Тоҷикистонро ҳиссиёту ифтихори азиме аз давлату ватандорӣ фаро гирифтааст, ки ба сухан баён кардан осон нест. Бояд он азамату шаҳомати корҳо ба чашми сар дидаву дарк карда шавад. Тавассути васоити ахбори умум тамоми мардуми ҷаҳон хабардор гаштааст, ки дар мамлакати мо чунин иншооти азим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Онҳо фаҳмиданд, ки сухани мо аз амали мо дур нест, балки тавъам мебошад. Сарвари муаззами мо ҳамин маъниро ба халқи Тоҷикистон ва ба тамоми ҷаҳониён талқин мекунанд, ки бо садои дили мардуми кишвар ҳамнавост. Ин якпорчагию ваҳдат аслу ҷавҳари зиндагии ҷомеаи моро ташкил медиҳад. Касе, ки инро нодида мегирад, худ аз бегонагон аст ва ошноӣ надорад.

Ин эҳсоси ҷадиди ифтихормандӣ аз Ватан, аз Тоҷикистони  соҳибистиқлол дермуддат дар хотирҳо боқӣ монда, балки фаромӯшнопазир гашта, неруи азими созандагӣ мебахшад.

Бо саъю талош, матонату қаҳрамонии беназиру хастагинопазири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди  НБО «Роғун» – орзуи деринаи халқи тоҷик, ҷомаи амал пӯшид. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии  стратегияи миллии кишвари азизамон буда, бо роҳнамоӣ ва сарварии бевоситаи Пешвои миллат пайгирона амалӣ мегардад. Бунёди ин иншооти тақдирсозу ҳаётан муҳим комёбии азим ва беҳамтост.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо раҳнамоиҳои Сарвари худ тамоми мушкилоту монеа ва  шебу фарозҳои сари роҳро пушти сар карда, бо заҳмати фаровону мардонагӣ ва ғайрату шуҷоати беамсол ба ҳадафи хеш ноил гардид. Мардуми тоҷик бори дигар номус, виҷдону ҳимматбаландии худро исбот намуд, зеро ин миллат бо хиради азалӣ,  меҳнатдӮстиву фидокорӣ пайваста дар пайи амалҳои созандагию ободкориҳост.

Оғози фаъолияти НБО «Роғун» марҳалаи нави рушди босуботи соҳаи энергетика ва расидани кишвари  соҳибистиқлоли мо  ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб ёфта, боиси таъмини комили мардуми тоҷик бо равшанӣ ва гармӣ, обёрии садҳо ҳазор гектар заминҳои ташналаб, сохтмони даҳҳо корхонаи нав хоҳад гардид. Тавлиди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва ба истилоҳ «сабз»,  на танҳо эҳтиёҷоти кишварро бароварда мегардонад, балки ба кишварҳои ҳамҷавори ҷануби Осиё содир карда мешавад ва Тоҷикистонро ба содиркунандаи неруи барқ табдил медиҳад. 

Дар ҷараёни бунёди НБО «Роғун» садҳо мутахассисони тоҷик аз мактаби омӮзишу таҷриба гузашта, минбаъд дар бахши энергетикаи кишвар ва бунёди неругоҳҳои дигар саҳми сазовор хоҳанд гузошт, зеро Тоҷикистони азизи мо аз ҷиҳати захираи қувваи барқ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро касб мекунад. 

Корандозӣ гардидани чархаи аввалини НБО «Роғун» ва минбаъд чархаҳои дигари он дарак аз таъмини бештару бештар ва комили истиқлолияти энергетикии кишвари азиз ва фардои дурахшони он  медиҳад.

Мову шумо, ҳар нафаре, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ медонад, вазифадорем,  беш аз пеш заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат  ноил гардем.

Ҷашнҳои тозаи кишвар пешорӯи мо қарор гирифта, муҳимтарини онҳо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истиқболи сазовори он вазифаю масъулияти моро баҳри дастоварду комёбиҳои навин дучанд менамояд.

Бо заҳмату фаъолияти аҳлона дар ояндаи наздик барои мардуми кишвар шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё хоҳад гашт.

 Ғафурҷон СОБИРЗОДА,

муовини раиси шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *