Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифратгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой додани идеологияҳои мазҳабии худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ингуна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо бо айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангез ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ва «хизмат ба дин» анҷом медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дороии хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва ба таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 30-сола ва дар маҷмуъ, иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстреместӣ замина гузоштаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқадасот аҳамият надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳакорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷаъмият барои пешгирӣ ва муборизаи зидди ҷиноятҳои трасимиллӣ зарур аст. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо мақсади пешгирии зуҳоти номатлуб миёни аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам баргузор мегарданд. Хусусан ин гуна суҳбатҳо дар ҳамкорӣ бо уламои дин, нозиротни минтақавӣ, шахсони барӯманду рӯзгордида, ҳамчунин раисони кумитаҳои маҳалла хусусан бо шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, доир мегардад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои тарроризми байналмилалӣ ва амалиётҳои ҷангӣ аз ҳар фарди худогоҳи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи доимӣ дошта бошад. Мубориза алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор омили пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб ёфта, сулҳу амният ва нболоравии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин менамояд. Раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова
Сабтҳои охирин
Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда
Ҳамасола дар саросари давлатҳои пешрафтаи курраи замин аз он ҷумла, Ҷӯмҳурии Тоҷикистон 13 октябр Рӯзи байналмиллалии паст кардани хавфи офатҳои табииро ҷашнгирифта, як катор чорабиниҳоро дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ гузаронида мешавад. Ҳамасола тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 31 августи соли 2009 №490 «Дар бораи тасдиқи […]
СОҲИБИҚБОЛЕМ, КИ РОҲБАРИ РОҲНАМО ВА ПЕШВОИ ҒАМХОР ДОРЕМ
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истода, дар баробари ғановати моддӣ, фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш афзун мегардад. Метавон гуфт, ки ин […]
ҶАҲОНИ ИСЛОМ: ҒАСБИ ДИНӢ ДАР ФАЗОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Ҷомеаи навини мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи кунунии рушд бо мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Аз як тараф экстремизми динӣ бо идеологияи тахрибкоронааш аз тарафи дигар бошад, ғасби фарҳанги динӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ, нисбати Тоҷикистон инкишоф ёфта истодааст. Аслан ин раванди ғасби динии фарҳанги ҷараёнҳои ифротӣ, ки як […]

