Нуқтаи назар

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҶОНИБДОРЕМ

print

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми ин вилоят вохӯрӣ ташкил намуда, дар хусуси вазъи сиёсию иҷтимоии минтақа, азҷумла муборизаи беамон бурдан нисбати гурӯҳҳои ҷиноятпеша, пешгирии паҳн намудани маводи мухаддир ва бетартибиҳо сухан ронданд. Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, инчунин сокинони вилоят дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ Ситоди байниидоравии амниятӣ ташкил карда шуд.

Хушбахтона баъди таъсиси Ситоди мазкур вазъият дар қаламрави вилоят як дараҷа дигаргун гардид. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони вилоят гурӯҳҳои ғайрирасмӣ, ки ба ҷинояткорӣ, бетартитбиҳо, ғасби моликияти давлатӣ машғул гардида, бар зидди сохти конститутсионии мамлакат сар бардошта буданд, ба мақомоти прокуратураи вилоят даъват карда шуданд. Аз саркардагони гурӯҳҳо қотеона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона хотима бахшида, яроқу аслиҳаи худро ба мақомоти прокуратураи вилоят ихтиёран супоранд.

Воқеаи фараҳбахш, ки санаи 22 октябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, мардуми Бадахшонро ба ояндаи дурахшон умедвор сохт.

Ҳамагон тариқи расонаҳои ахбори омма огоҳ гардидем, ки дар ин рӯз саркардагони гурӯҳҳои ҷинояткор ба прокуратураи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳозир гардида, яроқҳои худро ихтиёран супориданд. Дар мақомоти поркуратураи вилоят нисбати ҳар як нафари ҳозиршуда протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода, имзои шахсии онҳо гирифта шуд. Аз онҳо қотеона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ хотима бахшанд ва минбаъд барои ташкил ва роҳбарии гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, қасдан нобуд кардани моликияти ҷамъиятӣ, таҳқири намояндагони ҳукумат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бетартибиҳои оммавӣ роҳ надиҳанд.

         Бояд қайд кард, ки саъю талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, суботи минтақа, пешгирии ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Пешвои миллат ҳамеша ва дар ҳама ҳолат таъкид месозанд, ки оромии сиёсии кишвар ба пешрафти тамоми соҳаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ мардуми шарафманди Тоҷикистон ба қувваи ақлу идроки шикастнопазири Пешвои миллати худ эътимод намуда, ба меҳнати бунёдкорона ва созандагиву ободкориҳо машғул мебошанд.

         Имрӯз ҳар як сокини бонангу номуси мамлакат бояд бо ифтихормандӣ аз чунин Ватани ободу Сарвари оқилу доно қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, бо истифода аз шароити мусоид ба омӯзиши илмҳои муосир, созандагиву ободкорӣ ва ҳифзи амнияти минтақа шуғл варзад ва бо гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ободиву оромии кишварро халалдор месозанд, муборизаи беамон барад.

Танҳо дар ин сурат мо – мардуми Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи сиёсии худро нигоҳ дошта метавонем.

Мо-мардуми шаҳри Турсунзода дар атрофи Ҳукумати конститутсионӣ муттаҳид гардида, бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ва фаъолияти пурсамари  мақомоти қудратии кишвар дар ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодиамон камари ҳиммат бастаем ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ғайрирасмиро, ки ба ҷинояткорӣ, авбошӣ, нобуд кардани моликияти ҷамъиятӣ, таҳқири намояндагони ҳукумат, қочоқи маводи мухаддир ва бетартибиҳои дигар, ки дар қаламрави ВМКБ машғул ҳастанд, маҳкум менамоем.

Шарофат Турсунова,

мушовири кабинети методии

шуъбаи маориф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *