Нуқтаи назар

ГИДРОЭНЕРГЕТИКА – ОМИЛИ РУШД

print

Соҳаи энергетика, ки дар он асоси  истеҳсоли нерӯи барқ муқаррар гаштааст, гидроэнергетика номида мешавад. Неругоҳҳое- ро, ки бо истифода аз фишори об неруи барқ истеҳ сол менамоянд, неругоҳи барқи обӣ меноманд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар давлатҳои пешқадами дунё барои  истеҳсоли барқ нахуст ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ рӯ овардаанд. Дар сайёраи мо нахустин неругоҳи барқи обӣ (НБО) солҳои 60-уми асри ХIХ дар ИМА сохта шудааст. Иқтидори он ҳамагӣ 1 қувваи аспро ташкил медод. Аввалин НБО-и ҳақиқии саноатӣ дар Ниагара соли 1880 сохта шудааст. НБО-и нахустин дар ИДМ а з рӯи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ соли 1892 дар қаламрави Қазоқистони имрӯза бунёд ёфтааст. Алҳол дар тамоми қитъаҳои олам бунёди неругоҳҳои барқи обӣ вусъат дорад ва гидроэнергетика барои рушду нумӯи иқтисодиёт саҳми калон мегузорад. Махсусан, дар заминаи тағироти экологӣ дар сайёра ва рӯйдоди садамаҳо раванди дасткашидан аз истифодаи неругоҳҳои барқиатомӣ ривоҷ ёфта, дар мамолики олам ҳарчӣ бештар ба истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла барқи обӣ, рӯ меоранд. Дар байни неругоҳҳои бузургтарини олам НБО-и Норак ҷои 22-юмро ишғол менамояд. Баъди таҷдиду модернизатсияи тамоми нуҳ агрегати он иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ ба 300 МВт расонида шудааст. Сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 1972, охираш соли 1979 бо кор дароварда шудааст. Дар дарёи Вахш бунёд ёфтааст. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати неругоҳ таҷдид гардида , иқтидори умумиаш ба 3000 мВт расонида шуд. Дарғоти аз ҳама бузуртарини

олам ин дарғоти НБО-и Норак мебошад, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Он 300 метр баландӣ дошта, ҳачмаш 52 миллион километри мукаабро ташкил медиҳад ва бо воситаи сангу шағал бунёд ёфта, қариб 40 сол боз бенуқсону пойбарҷост. Соли 2009 Комиссияи байналмилали оид ба сарбандҳои бузург ба ин дарғоти азим нишони махсус ва сертификати тиллоии сифатро ҳамчун «Дастоварди о лии афкори муҳандисӣ» сазовор донист.

Захираҳои потенсиалии барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад. Алҳол бошад, дар Тоҷикистон то 17-18 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол мегардад.

Бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, махсусан баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққиёти гидроэнергетика  аҳамияти махсус дода мешуд. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар сохтмони неругоҳи «Сангтӯда» бо қувваи худӣ идома ёфт, дертар он ба НБО-и «Сангтӯда-1» табдил дода шуда , поёнтар аз он

сохтмони НБО-и «Сангтӯда-2», ки дар ин вақт танҳо дар лоиҳа мавҷуд буд, оғоз гардид. Дар солҳои минбаъд низ ба тарақиёти ин соҳаи калидӣ диққати калон дода шуд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони НБО-ҳои хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 360 неругоҳҳои хурди  барқи обӣ сохта ба истифодабарӣ дода шудаанд, ки онҳо бобати таъмини кишвар ба барқ нақши дурахшоне мегузоранд. Солҳои 2010-2013 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ неругоҳи «Сарбанд» таҷдиду модернизатсия шуд. Неругоҳи «Варзоб-1» охири соли 1936 ба кор оғоз намудааст. Агрегати нахустини он соли 1936 ва дуюмаш соли 1937 ба кор даромадааст. Неругоҳи «Варзоб- 2 » соли 1949 ва Неругоҳи «Варзоб-3» соли 1952 ба кор оғоз намудааст.

Маҷмааи гидроэнергетики «Роғун» иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор рафта, танзими бисёрсолаи маҷрои дарёро амалӣ месозад. Нерӯгоҳи «Роғун» на танҳо истеҳсоли солонаи барқро афзун менамояд , балки аз ҳама муҳимаш имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи реҷаи воҷиб амал намуда, дар фаслҳои сард дар давраи норасогии неру ба қадри даркорӣ барқ истеҳсол намояд. Ин натанҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи мо аз Осиёи Ҷанубӣ манфиатбахш аст . Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун бо 6 агрегат (иқтидори ҳар кадомашон 600 МВт) ба 3600 МВт баробар хоҳад буд ва он соле то 13,1 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол хоҳад намуд. Баъди анҷоми сохтмони НБО-и Роғун бо иқтидори 3600 МВт дар байни неругоҳҳои бузуртарини олам мавқеи сазоворро ишғол хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳиссаи гидроэнергетика дар истеҳсоли неруи барқ дар ИДМ ҷои аввалро ишғол менамояд. Маҷмааи гидроэнергетики «Роғун» иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор меравад. Боиси хушбахтист, ки бо талошу кӯшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018 агрегати аввали НБо-и «Роғун» ба кор андохта, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода шуд . Амалӣ шудани стратегияи рушди соҳаи гилроэнергетика дар заминаи бунёди як қатор неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург имконият медиҳад, ки то соли 2025 дар кишвари мо то 80 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол карда шавад, ки аз он метавон 50 миллиард кВт соаташро ба хориҷа интиқол намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди соҳаи энергетика барои таъмини аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар барои ба  истиқлолияти энергетикӣ ноил шудани мамлакат ҳамеша талош менамояд. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар омода аст, тамоми  шароитҳои  заруриро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми давлатҳои ҳамсоя муҳайё намояд.

Салоҳиддин ХОЛИҚЗОДА,

директори ҶСК “Шабака-

ҳои барқи Турсунзода”.

« НАЗАРИ МУТАХАССИС

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *