Аҳолӣ Иҷтимоиёт

АМАЛИЁТИ «КУКНОР-2018»

print

Ҳамасола бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин гузаронидани чорабиниҳои  таблиғотӣпешгирикунанда миёни сокинони кишвар амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Бо мақсади татбиқи пешниҳоди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 19 апрели соли 2018, №6132(31-6) доир ба ин масъала қарори раиси шањри Турсунзода «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2018» аз 7 майи соли 2018, №424 ба тасвиб расид.

Тибқи санади мазкур дар шаҳри Турсунзода амалиёти «Кӯкнор-2018» дар ду давра- аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 ду марњилаи гузаронида шавад.

     Ҷиҳати роҳбарӣ, назорат, ташкили кор ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо ва дигар мақомоти дахлдор дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди корӣ таъсис гардида, дар ҷараёни он ҳар ду моҳ як ҷаласаи ситоди «Кӯкнор-2018» ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пайдо шудани зарурат гузаронидани ҷаласаи сайёри ситод дар минтақаҳое, ки вазъи нашъамандӣдар он ҷо мураккаб аст, баргузор мегардад.

Ба таваҷҷуҳи сокинон, раисони ҷамоатҳои деҳот роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр расонида мешавад, ки ба гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷўии таъсисдодаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати азназаргузаронии заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, иҷоравӣ, сарфи назар шакли моликияташон барои ошкор ва несту нобудсозии растаниҳои нашъаовари дар қонун пешбинишуда мусоидат намоянд.

АШУРОВ МАҲМАРИЗО,

сармутахассис-ҳуқуқшиноси

дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *