Рӯи дунёро мунаввар мекунад.
Бемуҳобо шеъри нобу дилкашат,
Ҷумла дилҳоро мусаххар мекунад.
(Абдуқаҳҳори Қосим)
Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоѓи ноҳияи Ҳисор дар оилаи дуредгар таваллуд шудааст.
Соли 1930 дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва баъд муддате ба вазифаи роҳбари қисми адабии театри мусиқавии драмавии Ленинобод ба номи Пушкин кор мекунад. Соли 1935 ба кори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузашта, вазифаи мудири шуъбаи ташкилии оммавӣ ва роҳбари шӯрои дромнависонро адо менамояд. Соли 1939 раиси правления интихоб мегардад. Соли 1942 ба Главлит ва соли 1943 ба Управленияи санъати республика сардорӣ мекунад. Аз соли 1946 то рӯзи фавт раиси Иттифоқи нависандагогон буд.
Соли 1951 академик интихоб шуд.
Фаъолияти адабии М. Турсунзода аз соли 1929 оѓоз меёбад. Аввалҳо дар соҳаи наср қувваозмоӣ карда, дар саҳифаҳои матбуот бештар бо очерку ҳикояҳо баромад мекунад, ки баъзе намунаҳои ин қабил асарҳои насрии ӯ дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирд оварда шудаанд. Тасвири воқеаҳои айёми инқилоб, ҷангҳои ҳамватанӣ ва муборизаҳои синфӣ, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши комсомол ва комёбиҳои сохтмони рӯзгори нав мавзӯи асосии очерку ҳикоя ва нахустин шеърҳои вай қарор гирифта буданд.
Соли 1935 яке аз асарҳои калони манзуми ӯ «Манзараҳои Хуҷанд» («Ба эҷодкорон») дар журнали «БАС» чоп мешавад, ки дар он меҳнати садоқатмандона ва бунёдкорона тавсиф ёфтааст.
Достонҳои «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Соли 1939 маҷмӯаи дигари М. Турсунзода бо унвони «Шеърҳо» аз чоп мебарояд, ки асарҳои дар васфи Ватан ва нашъунамои он («Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо»), доир ба воқеаҳои байналхалқӣ («Аз оташ ҳазар кун», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия») ва ѓайра навиштаи шоирро дар бар гирифтааст. Як силсила шеър ва манзумаҳои ӯ ба гузашта ва имрӯзаи кишвари тоҷик, кашфи сарватҳои он, бинокорӣ ва иншоотҳои бузурги республика бахшида шудаанд: «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» (1940) ва амсоли онҳо.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти М. Турсунзода мавқеи марказӣ ишғол менамояд. Шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Хайр, модари азиз», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) дар солҳои ҷанг хеле шӯҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд. Дар достони «Писари Ватан» (1942) ѓояи дӯстии халқҳо ифода ёфтааст. Достони «Арӯс аз Москва» (1945) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.
Соли 1947 асарҳои мунтахаби шоир «Тӯҳфаи ҷавонӣ» нашр мегардад.
Эҷодкорона аз худ кардани анъанаи назми халқӣ ва классики тоҷик, баҳра бурдан аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус боиси такмили маҳорат ва маданияти шоирии М. Турсунзода гардид. Эҳсоси набзии замон, дарёфтани мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки мухсуси ӯро дар шеъри имрӯз фароҳам овардааст. Зуҳуроти барҷастаи ин хама фазилатҳои эҷодиёти шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) мебошад, ки аз таассуроти сафари ӯ ба мамлакати Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Соли 1948 барои қисми якуми ин силсилаи шеърҳо: «Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони маѓрибӣ», «Тара Чандри», «Боѓи муаллақ», «Дар ёди кас» ба дарёфти Ҷоизаи адабии давлатии шӯравӣ мушарраф мегардад.
Пас аз ин, чанд маҷмӯаи шеърҳо ва китобҳои шоир ба табъ мерасанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳими дохили мамлакат мавзӯи байналхалқӣ, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо мавқеи намоёнро ишѓол намудааст: «Пайѓом» (1949), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон», «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароѓи абадӣ» (1958, бо ҳуруфи арабӣ) ва ѓайра.
Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба масъалаи тадриҷан дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав таѓйир ёфтани шуур ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо бақияҳои дунёи кӯҳна ѓалаба кардани ҷиҳатҳои нави зиндагӣ бахшида шудааст. Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халқҳои Осиё ва Африқо тасвир ёфтааст. Соли 1960 барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ба шоир ҷоизаи адабии давлатии Ленин дода мешавад. Соли 1961 ин ду асар дар як ҷилд дубора нашр мегардад.
Соли 1960 достони нави ӯ «Ҷони ширин» дар моҳномаи «Шарқи Сурх» чоп мешавад. Ин асар бо тасвироти хеле дилчаспи лирикӣ нигориш ёфтааст. Соли 1963 барои ин асар ба Ҷоизаи адабии давлатии Рӯдакӣ сарфароз мегардад. Ба дарёфти ҷоизаи комсомолии Тоҷикистон низ мушарраф шудааст.
Соли 1964 бо ҳамроҳии Б. Раҳимзода достони «Роҳи нури офтоб» – ро меофарад, ки ба дӯстии халқҳои тоҷик ва рус бахшида шудааст. Шеърҳои дар солҳои охир навиштаи ӯ дар маҷмӯаи «Ҷони ширин» (1965) гирд оварда шудаанд. Достони «Аз Ганг то Кремл» ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» аз шоҳкориҳои солҳои охири ҳаёти адиб аст.
М. Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар тараққиёти дроми тоҷик низ ҳиссаи пурбаҳо гузоштааст. Аз ҷумла: песаҳои «Ҳукм» (альманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), дроми манзуми «Хисрав ва Ширин» (1936, бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ), дроми мусиқавии «Шӯриши Восеъ» (1939, бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ, соли 1941 дар асоси он якумин либреттои тоҷикиро ба вуҷуд меоварданд), либреттоҳои «Тоҳир ва Зуҳро» (1944), «Арӯс» (1945). Соли 1965 студияи «Тоҷикфилм» аз сценарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш» – ро ба вуҷуд меоварад.
Филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ аз рӯи филмномаҳои ӯ офарида шудаанд.
Дар соҳаи ҷамъ ва нашри фолклори тоҷик хизмати шоистае кардааст. Яке аз аввалин маҷмӯаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1954, 1957) бо саъй ва иштироки ӯ нашр гардидааст.
Доир ба масъалаҳои адабиёт, драматургия ва театр як силсила мақола ва рисолаҳои адабию танқидӣ ва инчунин дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публисистӣ навиштааст.
Асарҳои Пушкин, Шевченко, Некрасов, Ҷамбул, Шота Руставели, Рашидов, Зулфия ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Аз соли 1947 инҷониб ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Америка сафар карда, дар конгресс ва конфренсияҳои байналхалқӣ иштирок намудааст.
Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиё ва африқо, узви Кумитаи шӯравии Сулҳ, узви Кумитаи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, раиси Кумитаи мукофоти адабии давлатии Рӯдакӣ буд.
Бо се ордени Ленин, орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул ва соли 1961 номи Шоири халқии Тоҷикистонро сазовор гардид. Моҳи сенябри соли 1977 даргузаштааст.