Хабарҳо

ПАЁМ-ДАСТУРАМАЛИ РУШД

print

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ба сифати роҳнамо ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи кишвар пазируфта шуда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тартиб ва баҳри татбиқи он мардуми кишвар меҳнати софдилона менамоянд.
Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчун дастурамал ҳар яки моро ҳидоят менамояд, ки баҳри ояндаи дурахшони Ватан бо азму иродаи қавӣ бикӯшем ва бо ташаббусҳои созанда ба меҳнати софдилона созандагиву бунёдкориро пеша намоем.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ ҳадафҳои стратегии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, муҳтарам Пешвои миллат иброз доштанд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул аз ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбад, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ тадриҷан амалӣ гардида истодааст.
Дар воқеъ тадбирҳои амалинамудаи муҳтарам Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат натиҷаи нек ба бор оварда, дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта, бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ муҳтарам Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Ин пешниҳоди Сарвари давлат таконбахш ва омили пешрафти саноати кишвар арёбӣ гардида, расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакатро таъмин хоҳад кард. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳадафи чорум дар Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо вуруди технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи созанда шаротҳои мусоид фароҳам буда,. эътимод дорем, ки дар ин самт корҳои назаррас амалӣ хоҳанд шуд
Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат солҳои 2019 – 2021-ро ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд, ки идомаи мантиқии соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад. Чунки бидуни рушди деҳот комёб гардидан ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат шароит фароҳам меоварад, ки деҳоти мамлакат ободу зебо гардида, сатҳи некӯаҳволӣ ва зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварад. Мусаллам аст, ки барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҳунармандони соҳибкасб, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ба даст овардани даромад як сол басанда нест. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар саросари мамлакат то соли 2021 таваҷҷуҳи бештар равона ҳоҳад шуд.
Вобаста ба зарурати ин масъала метавон шаҳри Турсунзодаро мисол овард. Зеро шаҳри Турсунзода дорои мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ ва ду дараи зебоманзар бо табиати нотакрор буда, ҷиҳати вусъати инфросохтори мавзеъҳо корҳои муфиди зиёдеро метавон ба сомон расонид, ки бар нафъи пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва пешрафти иқтисодиёти шаҳр мусоидат хоҳад кард. Мисоли дигарро метавон дар он баён дошт, ки деҳаи Қаратоғ дар гузашта ҳамчун шаҳри косибон шуҳратёр буд ва то ҳол косибону бонувони ҳунарманди деҳа ин иқдомро идомаа медиҳанд. Атласу адрасбофӣ, зардӯзию қолинбофӣ, чармгарию заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар касбҳоро дар ин гӯшаи диёр тариқи омӯзишии анъанавии устоду шогирд идома дошта, метавон омода намудани косибони чирадастро дар дигар манотиқи шаҳр минбаъд низ ба роҳ монд.
Бо бунёди инфрасохтор сайёҳати кӯҳнавардӣ ва экологиро дар дараи Ширкент ва мавзеи Пашми кӯҳна, ки ҳамчун макони изи динозаврон машҳур аст, метавон вусъат бахшид.
Боғу токзор ва меваю ангурҳои шаҳдбор яке аз боигарӣ ва ифтихори кишоварзони шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад. Соли 2018 баъд аз сафари муҳтарам Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Беларуссия Александр Лукашенко ба ангурзорҳои хоҷагии “Ватан ” ва “Боғи Сомон” беш аз ду ҳазор меҳмонони хориҷӣ аз ангурзорҳо дидан намуданд. Яъне бо шарофати қудуми муҳтарам Пешвои миллат сайёҳати кишоварзӣ низ дар шаҳр вусъати тоза гирифт.
Илова бар ин шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шоҳроҳи байналмилалӣ қарор дорад ва рафту омади меҳмонони хориҷӣ тариқи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯз то рӯз меафзояд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд ҷиҳати рушду нумуи сайёҳӣ дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро саривақт иҷро намуда, баҳри боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мавзеъҳои дилписанди шаҳрамонро ташвиқу тарғиб намуда, инфрасохтори муосирро бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем. Дар ин бобат аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ба аҳли маориф ғамхории пайваста зоҳир гардида, дар Паёми имсола низ ба масъалаи рушди соҳаи маъриф мароқи ҷиддӣ зоҳир гардид. Маорифчиёни мамлакат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба хубӣ огаҳ шуданд, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ қоннеъкунанда набуда, аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Муҳтарам Президенти мамлакат вобаста ба пешравии ҷаҳони муосир сухан карда, иброз доштанд, ки барои комёб шудани давлат дар ҷаҳони зудтараққикунанда ва пойдор будан дар рақобатҳои шадиди иқтисодиву истеҳсолӣ доштани заминаи қавии илмӣ дар тамоми соҳаҳо аз масъалаи умдаи рӯз ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф ба ҳисоб меравад.
Ҳифзи саломатии мардум аз масъалаҳои маҳсуб меёбад, ки пайваста мавриди таваҷҷуҳи муҳтарам Пешвои миллат қарор дорад. Дар Паём Пешвои муаззами миллат доир ба татбиқи “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 9019” сухан карда, таъкид доштанд, ки ин таҷриба ҳанӯз дар 19 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба амал пайваста, минбаъд татбиқи он тамоми кишварро фаро мегирад. Ҳамзамон вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи тандурустӣ сухан карда, муҳтарам Пешвои миллат аз сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон ва хусусан зимни расонидани кумаки аввалини тиббӣ ва таъмини онҳо бо доруворӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаро мебояд, рафъи ин камбудиҳоро вазифаи ҷонии худ дониста аз пайи ислоҳи он бошанд.
Соҳибкорони мамлакат дар бунёдкорӣ, ободониву шукуфоии кишвар, ташкил ва таъсиси корхонаҳову муассисаҳо саҳми муносиб доранд. Ҷавобан ба саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватан зимни ироаи Паёми навбатӣ аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ба соҳибкорон имтиёзҳои навбатӣ эълон шуд. Манъ гардидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” ҷиҳати бехалал фаъолият кардани соҳибкорон имконият фароҳам меорад.
Фарҳанги миллат таҷассумгари симои маънавии халқ, расму оин ва анъанаҳои ниёгон арзёбӣ гардида, дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Истиқлолият бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат фарҳанги тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби Пешвои миллат таъкид шуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷашнҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии миллати мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак ва ҳунару матоъҳои миллӣ ба мисли атласу адрас ва чакан аз нав эҳё гардиданд.
Паёми имсолаи Президенти кишвар фарогири масъалаҳои умдаи сиёсати дохиливу хориҷӣ, самтҳои иқтисодӣ, хоҷагии кишвар ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сокинонро фаро гирифта, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро  сарбаландона иҷро намоем.
Мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раҳнамои рӯзгор ва дастурамали пайкор дониста, софдилона меҳнат ва баҳри фардои гулафшони Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Қурбонзода Қ.М.
роҳбари дастгоҳи
раиси шаҳри Турунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *