Нуқтаи назар

ТОҶИКИСТОН: ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ

print

Санаи 22 марти соли равон татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллат-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шуруъ мешавад.

***

Шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии шиносномаҳои ҷаҳон бо имкони сафар ба 53 давлати дунё сархати 81-умро ишғол менамояд.

***

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири амнияти шаҳрвандонаш дар тавсияи давлатҳои дунё барои сафару сайёҳат басо мулоҳизакор аст,  Тоҷикистонро диёри амну шоистаи дидан муаррифӣ намудааст.

***

Мавзеъҳои маъдании филизҳои нодир дар Тоҷикистон – Гапиров, Александров, Зорбурулук, Ходанго, Ванҷрӯд, Ясногар, Родник, Тутек, Самжон ва Чиндон ҳисобида мешавад.

***

Тибқи раддабандии маҷаллаи маъруфи сайёҳии “34 Travel», ки бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоӣ «Mastercard» анҷом дод, куҳҳои Помири Тоҷикистон низ ба феҳристи “100 мавзеи беҳтарини ҷаҳон” ворид шуд.

***

Соли 2017 зиёда аз 350 ҳазор нафар аз 113 мамлакати олам аз Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 47385 нафар зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар наздики 180 миллион доллари ИМА ворид шуд.

***

Моҳи апрели соли ҷорӣ бахшида ба 140 – солагии Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси илмии байналхалқӣ баргузор хоҳад гашт. Дар он олимони машҳури олам – адабиётшиносон ва фарҳангшиносон иштирок хоҳанд кард.

***

Дар раддабандии бунгоҳи байналмилалии Brlitish Backpaker Sosiety, ки ба қарибӣ ҷамъбаст гардид, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои аҷиби гардишгарӣ шомил шуд. Кишварҳои бештар мувофиқ ба гардишгарӣ шавқовару ҷолиб Покис- тон, Россия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон дониста шуда, Тоҷикистон паҳлӯи Лубнон ва Чин дар мақоми ҳафтум ҷойгир аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *