Нуқтаи назар

“АМАЛҲОЕ”, КИ ОСЕБПАЗИРИ БИНОҲОЯНД

print
Акрам Икромӣ,

рӯзноманинор.

Шаҳрамон, ки номи шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро ба худ гирифтааст, торафт ободу зебо мешавад. Бо заҳмати фарзандони баору номус ва ободгараш. Алалхусус, биноҳои баландошёна ба шаҳр ҳусн зам мекунанд. Мутахассисон хуб медонанд, ки ин биноҳо ба чанд балл заминҷунбӣ бардошт медиҳанд. Зидди онанд, ки бошандагон дар утоқҳои худ худсарона қоидаҳои зистро вайрон карда, ба бардоштани плитахои долон (балкон) ва ҳатто қисми деворҳои утоқҳои зист, ки қатъиян манъ ва хатарнок аст, даст зананд. Ин “амали” онҳо оқибати бад хоҳад дошт. Чунончи, дар баъзе хобгоҳҳои умумии маҳаллаи якуми шаҳр бошандагон ба долонашон масолеҳи иловагӣ зам намуда, онро васеъ кардаанд. Албатта бо дасти мадади баъзе “устоҳои” қонуншикан. Сокинон ба гӯшаи хотир намеоранд, ки ин “амалашон” ба қоидаи манзилдорию шаҳрдорӣ хилоф аст. Рӯзе фоҷиаеро ба сар оварданаш мумкин. Алҳол дар вақти заминҷунбӣ.

Мо тавассути телевизион аз рӯйдодҳои ҷаҳон воқиф мешавем. Баъзан мебинем, ки дар баъзе кишварҳо (мисли Русияву Хитой) биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бе заминҷунбӣ ҳам фурӯ рафтаанд. Сабаб, босифат насохтани биноҳо ё дар ҷойи ноқулай қомат афрохтани онҳо мебошад. Аз ин фоҷиа садҳо одамон ба ҳалокат мерасанд.

Баъзе сокинони “ихтироъкори” шаҳри мо бошанд, “ҳарчи бодо бод!” гӯён ҷиҳати худсарона ворид сохтани тағйирот дар утоқи зисташон “ҷарроҳии” хатарнок мегузаронанд. Чӣ тавр гӯед? Як тарафи утоқи зистро канда васеъ мекунанд (тавре гуфтем утоқро бо долон якҷоя месозанд). Боз сокинонеро ба қалам меорем, ки долонашонро бо хишти ба оташ тобовар, ки хеле вазнин ва истифодааш барои ин биноҳо пешбинӣ нашудааст девор мекунанд. Шояд бо ин намуди хишт долон тоб наоварда, ба садама дучор ояд? Ин “ихтироъкорӣ” инчунин ҳусни шаҳрдориро коҳиш медиҳад.

Бо ин ҳама камақливу худписандӣ зимни ин “амалҳоямон” ба ҷойи  риояи бехатарии ҷойи зистамон ба хатар роҳ мекушоем. Худо накунад, ки ин хатар “рӯйи об” ояду ба фоҷиае дучор оем. Пас, биёед даст бикашем аз ин гуна “ихтироъкорӣ»-и худ дар таъмири ғайриқоидавӣ ва қонуншиканӣ дар манзили хеш. Дар сар назадани ин қонуншиканӣ ва носипосӣ нисбати шаҳрдорӣ шахсони масъулро таваҷҷуҳи ҷиддӣ мебояд…

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *