Бо мақсади зиндаёд гардонидани номи шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Некрӯз  Ғафурзода Муассисаи  таълимии  рақами 37-и  деҳаи Даҳбеди шаҳри Турсунзода зимни ҳамоиши тантанавӣ ба номи ӯ гузошта шуд

 Ҳамоиши мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хонандагону омӯзгорон, аҳли деҳа  падару модар ва ҳамсару фарзандони шаҳиди Ватан доир гардид

Шаҳиди Ватан қаблан ба сифати капитан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекард. Мавсуф 29 апрели соли 2021 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.

 Ҳамоиш барои толибилмон ибратомӯз буд, зеро дар он аз ҷасорати ватандӯстонаи ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, ҳамдеҳагон қиссаҳо карда, рӯҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Зикр гардид, ки  Некрӯз Ғафурзода фарзанди бовиқору ватандӯст ва ифтихори ҳамдеҳагони худ мебошад.