ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МУҲТАРАМ АКРАМЗОДА П.А. ДАР ВОХӮРӢ БО СОҲИБКОРОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Соҳибкорони муҳтарам,
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мулоқоти имрўзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии Шумо дар роҳи ободии Ватан бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон эълон гардидааст, сурат мегирад.
Ба ин муносибат аз номи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Турсунзода кулли соҳибкорони ватандӯсти шањр ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи Шумо барору комёбиҳои нав ба навро орзу менамоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар давра ба давра таъмин гардида, ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ сол то сол афзоиш ёбад.
Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ фаъолияти бахши хусусӣ вусъат ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид.
Арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ муайян намуд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи хоссаро ишғол менамояд.
Дар ин раванд, соҳибкорӣ ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат, тавонист ҳиссаи худро дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзун намуда, аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад ва ба ин васила ҷиҳати некӯаҳволии сокинон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат саҳми муассири худро гузорад.
Рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, барои расидан ба натиҷаҳои назарраси соҳибкорон ва саҳмгузории онњо дар иқтисоди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Соҳибкорони муҳтарам!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо соҳибкорони маҳаллӣ ҳамкории пайваста дошта, саҳми бахши хусусиро дар пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр баланд арзёбӣ менамояд.
Хусусан, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкориҳо вусъати тоза гирифта, дар шаҳр бунёди зиёда аз 435 иншоот, аз ҷумла 22 иншооти саноатӣ, 31 иншооти соҳаи тандурустӣ, 27 иншооти варзишӣ, 7 иншооти хизматрасонии маишӣ, 55 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири роҳҳои автомобилгард дар 42 мавзеъ ба дарозии 63 км, 15 сардхона, 4 гармхона, сохтмони 8 пул, таъмини оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ва 119 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, 171 иншоот дар соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 25 иншоот дар соҳаи маориф, 11 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 12 иншооти варзишӣ, 34 марказҳои савдо, 2 иншооти хизматрсонии маишӣ, 10 корхонаю коргоҳи саноатӣ, таъмири роҳ дар 24 мавзеъ ба дарозии 66 км, сохтмони 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона, кашидани хати таъмини оби нӯшокӣ дар 3 мавзеъ ва 37 иншооти таъиноташон гуногун бо саҳми бештари соҳибкорон сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Боиси ифтихори ҳар як сокини шаҳр ва хусусан, соҳибкорон аст, ки як қатор иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, саноативу иҷтимоӣ ва кишоварзиву фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ ва қудуми файзбори Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ сурат гирифта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба соҳибкорони шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода шуд.
Зеро, дар амалӣ намудани тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони шаҳри Турсунзода пешоҳанги иқтисодиёти шаҳр будани худро собит менамоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаи мувофиқ кулли соҳибкорони бонангу номусро барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, сохта, ба истифода додани иншооти мухталифи ҷашнӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуда, эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва давлат вусъат ёфта, барои ободии Ватан ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр Шумо саҳми муносиби худро мегузоред.
Итминон дорем, ки соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои роҳбарияти шаҳри Турсунзодаро бо масъулияти баланд ва самимона пуштибонӣ намуда, барои имрӯзу ояндаи шаҳр ва пешрафти давлат кӯшиш менамоянд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии шаҳри азизамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон саҳмгузорӣ менамоянд.
Бо ниятҳои нек ҳамаи Шумо соҳибкорони арҷманд ва ҳозирини гиромиро бо “Рӯзи соҳибкорон” самимона муборакбод гуфта, барояон саломативу сарбаландӣ, комёбиҳои молиявию иқтисодӣ ва дар фаъолияти соҳибкориатон барори кор орзумандем.
Ҳамеша муваффақу комёб бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *