Форуми мазкур бо мақсади тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар кори он коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

