Имрӯз Конферонсеияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҳизбии ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси шаҳри Турсунзода – аъзои Раёсати КИМ ХҲДТ Акрамзода Парвиз Акрам, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, собиқадорони ҲХДТ ва як қатор аъзои ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҳабибуллозода Нурулло оид ба фаъолияти Кумита аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 шунида шуд.
Дар идома ҳисоботи комиссияи тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод гардида, ҳайати нави аъзои КИ ҲХДТ шаҳрӣ, ҳайати нави комиссияи тафтишотии ташкилот ва муҳаррири нашрияи ҳизбии шаҳрӣ “Ҳидоят” интиход гардид.
Зимни баррасии масъалаи дахлдор бо ҷонибдории зиёди вакилон Ҳабибуллозода Нурулло аз нав ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода интихоб гардид.
Дар идомаи маҷлис Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи сиёсии мамлакат ҳамчун ҳизби пешсаф бо барномаи созандаи худ барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушду устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолияти пурсамарро пеш бурда, ин ташкилоти бонуфуз дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат саҳми муассир дорад . Аз ин лиҳоз, ҳар як аъзои ҳизбро мебояд ҷиҳати бо меҳнати пурсамар ва хизмати содиқона ба Ватан, инчунин татбиқи барномаҳои ҳизбӣ ҳамсафи воқеии ҳизб будани худро собит намоянд.
Дар ин замина як қатор аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳр , ки дар амалигардонии Барномаҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузоштаанд, бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Сипосномаи КИ шаҳрии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.