Фаъолияти намояндагон

print

Имрӯз дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Баъд аз интихоби котибот вакилон рӯзномаи маҷлисро, ки аз 9 масъала иборат буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи масъалаи якум аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иттилоотӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вакили халқ аз ҳавзаи интиботи №10 Саидова Гавҳарой Самадовна маърӯза намуд.
Доир ба масъалаи дуюм ва сеюм ки лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2022» ва лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои 4-7 рӯзнома масъалаҳои бо сабаби таъин гардидан ба мансаби роҳбарикунанда дар сохтори дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Сешанбе» №27 Умарова Саодат Дустмуротовна дар асоси аризааш пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилӣ, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) аз 14 марти соли 2020, №6 «Дар бораи интихоби раис ва аъзои Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум)», дар бораи интихоботи вакил дар ҳавзаи холишудаи интихоботи «Сешанбе» №27 – 25 сентябри соли 2022, рӯзи якшанбе, таъсиси ҳайати Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати шашум ба ивази вакили хориҷшуда» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баррасии масъалаи ҳаштуми рӯзнома қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои дувоздаҳум ва сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баррасии масъаъалаи нуҳӯми рӯзнома дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ дар ноҳияи Данғара санаи 18 июни соли 2022 баён гардидаанд, муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ба сокиинони шаҳр қабул гардид.
Аз ҷониби вакилон доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар идома Прокурори шаҳри Турсунзода вобаста ба вазъи иҷрои қонунҳо, вазъи ҷинояткорӣ ва омилҳои он дар шаҳри Турсунзода баромад намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *