
Бо мақсади татбиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паём вобаста ба рушди маориф таъкид гардид, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ҷалби соҳибкорон ва дастгирии кумитаи падару модарон дар заминаи МТМУ№4 шаҳри Турсунзода, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод сохтмони бинои нави таҳсилотӣ оғоз гардид.


