Ҳамкорҳои байналмилалӣ

САФАРИ КОРИИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар доираи сафари кории соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, ки ба мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти шарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ва муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода пазироӣ ва роҳбаладӣ намуданд.
Дар ҶДММ “МАДАДИ ТУРСУНЗОДА” номгӯи гуногуни техникаи кишоварзӣ ба меҳмонон намоиш дода шуда, доир ба васл техникаи соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва ҳамкориҳои ҷамъият бо хоҷагидорон доир ба пешниҳоди техникаи нави соҳа маълумоти мушаххас дода шуд.
Дар хоҷагии деҳқониии “Боғи Сомон”тарзи парвариши ангур, навъҳои он ва имкониятҳои содиротии ангури хушсифат ба хориҷи кишвар маълумот пешниҳод гардид.
Зимни суҳбат доир ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бахши хусусӣ, ҷалби сармоя бо назардошти зарфиятҳои фаровони мутақобила табодули афкор намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *