Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

print
Ҳамдиёрони азиз!
  • Рамазон ҳамчун моҳи муборак, айёми парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ ба ҳисоб рафта, Иди саиди Фитр инъоми Худованд ба ивази ибодату таҳаммулпазирӣ ва аъмоли хайри мусалмонон арзёбӣ мегардад.Возможно, это изображение текст «иди фитр муборак!»
Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди саиди Фитр дар сатҳи зарурӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба кулли ҳамдиёрон фарорасии иди саиди Фитрро муборакбодӣ намуда, сиҳатмандӣ, хушҳоливу рӯзгори ободро орзумандем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр ҳамчун мероси муқаддаси ниёгон ободгарӣ ваҳдату ҳамдилӣ, шафқату эҳсонкорӣ, башардӯстиву инсонпарвариро дар замири ҳар фарди мусулмон тарбия намуда, ҷиҳати оромиву осоиш ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми муносиб дорад.
Дини мубини ислом хусусан дар айёми иди саиди фитр манзалати хайру эҳсонкориро баланд бардошта, онро бо ихлос ба Худованд тавъам медонад. Аз тарғиби Қуръони карим бармеояд, ки эҳсону накӯкорӣ бояд воҷиботи фитрӣ ва табиии инсон бошанд, зеро тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ медорад, инсонро низ зарур аст, ки аз ин неъмати худодод ба дигарон эҳсон намояд. Дар баробари талқини эҳсон аз муслимин даъват мегардад, ки ҳангоми баргузории иди Фитр дастурхони хоксоронаи маънавӣ ороста, фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордорӣ ҳамеша риоя намоем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Боиси қаноатмандист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар моҳи шарифи Рамазон низ сокинони бонангу номуси шаҳри мо дар баробари тоату ибодат ва иҷрои дуои хайр корҳои созандаву ободкориҳоро идома дода, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишту кори баҳорӣ вусъат бахшида, бунёди коргоҳҳои саноатӣ, сохтмони биноҳои нави таълимию тандурустӣ, инчунин дар самти бунёди иншооти дигари хоҷагии халқ корҳои созанда ҷараёни тоза гирифт.
Итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси шаҳри Турсунзода минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти шаҳр, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош ва содиқона меҳнат менамоянд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Яке аз таълимоти ислом дӯст доштани Ватан арзёбӣ гардида, вобаста ба ин Расули Акрам мефармоянд, ки дӯст доштани Ватан аз имондорист.
Имон паҳлуҳои зиёдро доро буда, аз ҷумла як шохаи имони фард дӯстдории Ватан маҳсуб мегардад. Ва ин гӯшаи имон тақозо менамояд, ки мо Ватани худро дӯст дорем, дар ҳифзи он содиқона камар бандем ва дар ҳолати зурурат ҷонфидои Ватан бошем. Аз ин лиҳоз, ин гуфтаҳои ҳикматомез аз мо тақозо менамояд, ки фарзадонро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқона ба сарзамини муқаддас тарбия намоем.
Зеро хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардӣ ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас, қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб рафта, иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.
Боварии комил дорем, ки минбаъд низ сокинони шаҳр дар тарбияи ҷавонони ватандӯст, омодаи хизмат ва содиқ ба Ватан саҳми муносиб мегузоранд.
Бо ибрози ниятҳои нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фарорасии иди саиди Фитр­ро ба кулли сокинони шаҳр шодбошӣ намуда, саодату хушрӯзӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва тараққиёту пешрафти рӯзафзунро таманно менамоем.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *