Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода кишти пунбадона муташаккилона идома дошта, тибқи маълумоти сарагрономи шаҳр Файзуллоев Абдукарим кишоварзони шаҳр соли 2022 дар майдони 1000 га кишти навъҳои пунбадонаи “Истиқлол” “Дӯстӣ” , “Флеш” “Фаровон” ва ғайраро ба нақша гирифтаанд.
Мавсими кишт аз 6 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, ба ҳолати 14 апрел як қатор ҷамоатҳои деҳот аз иҷрои нақшаи кишти пунбадона ҳисобот доданд. Аз ҷумла, хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Регар ва Пахтаобод дар қатори пешсафон қарор доранд. Тибқи дурнамо кишоварзони Ҷамоати деҳоти Навобод нақшаи кишти пунбадораро 105,6%, деҳқонони Ҷамоати деҳоти Регар 101,4 % ва хоҷагидорони Ҷамоати деҳоти Пахтаобод 100% иҷро намуданд.
Сарагрономи шаҳр Файзуллоев Абдукарим инчунин илова намуд, ки тибқи талаботи агротехникӣ мавсими кишти пунбадона идома дошта, то имрӯз иҷрои дурнамои кишти пунбадона дар умум 60 фоизро ташкил медиҳад.