Имрӯз дар шаҳр Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ташхисию табобатӣ “Чӯпон-ота” ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ишгтирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, […]
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад. Интихоби ин рӯз таърихӣ буда, беш аз ҳазор сол муқаддам, яке аз фарзандони номвари тоҷик, олим, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ Ибни Сино дар ин рӯз ба дунё омадааст. Аз ин лиҳоз, табибони тоҷик бо ифтихор худро ворисони Сино меноманд. Ба […]
Маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ба маълумоти Шумо мерасонад, ки барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар шаҳр дар давоми се соли охир 4 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ бо 75 кати хоб, 1 маркази саломатии деҳавӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз нав сохта шуда, ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд. Дар шаҳр 6 беморхонаҳои […]