Фарҳанг

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Турсунзода ба истиқболи 111 солагии зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиши адабӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш адибони шаҳр, навқаламон, дӯстдорони шеъру адаб ва мухлисони ашъори шоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ, тарбияи адибон, […]

Экология

ТУРСУНЗОДА – ШАҲРИ ГУЛРЕЗ

ГУЛҲОИ РАНГОРАНГИ САДБАРГ КӮЧАВУ ГУЛГАШТҲОИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДАРО ҲУСНУ ТАРОВАТ ВА НАКҲАТИ НОТАКРОР БАХШИДА… Дар баробари зебоиву накҳати хуш гули садбарг хусусиятҳои шифобахшӣ низ дорад. Ба маълумоти Абумансури Муваффақ равғани дар об ҳалкардаи гули садбарг дарди сарро, ки бар асари ҳарорат ба вуҷуд омадааст, таскин мебахшад. Молидани равғани бо оби хунук ва сирко омехтаи садбарг бусурот, […]

Иқтисодиёт

СЕМИНАР МАШВАРАТ ВА ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК

Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ ба мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ семинар машварат доир гардид. Дар ҷараёни машварат соҳибкорону хоҷагидорон ва дигар намояндагони бахши хусусӣ, инчунин масъулини филиали №15 БДА “Амонатбонк” ширкат варзиданд. Аз ҷониби масъулини Амонатбонк ба […]

Экология

БАРГУЗОРИИ АКСИЯҲОИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ” ВА “ТОЗАГИИ МАҲАЛ”

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо […]

Иҷтимоиёт Маориф

ДАР АСОСИ СУПОРИШҲОИ МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ВУСЪАТИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Ин гуфтаҳо зимни ироаи паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, ҷиҳати рушди соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари […]

Фарҳанг

БУНЁДИ КЛУБИ ДЕҲАВӢ

Деҳаи Чиртак яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус ва фаъолону эҳсонкорони деҳа як қатор корҳои ободониву созанда ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, фаъолони деҳа имрӯзҳо ба бунёди клуби деҳавӣ камари ҳиммат […]

Фаъолияти Шӯроъ

ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, масъулини Кумитаи идораи замин, роҳбарият ва мутахассисони самти замини ҷамоатҳои деҳот ҷаласаи ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА доир гардид. Дар ҷараёни кори Шӯро масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин, риояи талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, риояи […]

Кишоварзӣ

   НАҚШАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ИҶРО ГАРДИД

 Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода   кишти пунбадона муташаккилона идома дошта, тибқи маълумоти сарагрономи шаҳр Файзуллоев Абдукарим кишоварзони шаҳр соли 2022 дар майдони 1000 га кишти  навъҳои пунбадонаи “Истиқлол” “Дӯстӣ” , “Флеш” “Фаровон” ва ғайраро ба нақша гирифтаанд. Мавсими кишт аз 6 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, ба ҳолати 14 апрел як қатор ҷамоатҳои деҳот аз иҷрои […]

Сайёҳӣ Экология

ШИРКЕНТ- АЗ ТАБИАТИ ЗЕБО ТО ИЗИ ДИНОЗАВРҲО

Дараи Ширкент бо манзараҳои дилрабо, таърихи куҳан, бозёфтҳои геологӣ, намунаи изи динозаврҳо, гиёҳу обҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, дарёи мусаффои Ширкент ва мардуми меҳмоннавоз дар Тоҷикистон шуҳратёр буда, мавзеи сайругашти саёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Дараи Ширкент дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, нуқтаи баландтарини он аз сатҳи баҳр дар шимол 4500 метр ва […]