Аҳолӣ Маориф Хабарҳо АЗ НИЯТИ НЕК ТО АМАЛИ БУЗУРГ Posted on 10.03.2022 Author Tursunzoda Comment(0) print Соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номӯси деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Регар санаи 1 марти соли ҷорӣ зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳр идомаи корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилотии №50, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта бозистода буд, нақшагузорӣ намуда, имрӯз нияти неки худро ба амали бузург табдил доданд. Тавассути ҳашари сокинон корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам барои табиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ба сокинони деҳаи Деҳқонобод арзи сипос баён намуда, изҳор доштанд, ки иқдоми созандаи онҳо шоистаи таҳсин ва ибрат буда, ҷиҳати беҳ намудани шароити таълиму тарбияи насли ояндасоз мусоидат менамояд. и