Таҷлил

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР ҶДММ “САРДОР-2008”

Имрӯз кормандони ҶДММ “САРДОР-2008” Наврӯзи хуҷастаро бо ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсолӣ, барномаи фарҳангӣ, ороиши дастархони ҳафт сину ҳафтшин, рақсу нишот, суруду таронаҳои ҳунармандони  ватанӣ ва санъаткорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷлил намуданд. Ба ҷараёни тантана ҳои идона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштирок ва кормандони ҷамъиятро муборакбодӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ки мақомоти иҷроияи […]

Саноат

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВ – ИҶРОИ ДАСТУРИ СОЗАНДАИ МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов ба истифода дода […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ИНШООТ ҶИҲАТИ РУШДИ МАҲАЛ

Имрӯз дар як қатор деҳаҳои ҷамоати 10-солагии Истиқлолият инфрасохтори таъиноташон мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Дар расми ифтитоҳи биноҳои маишиву хизматрасонӣ муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода ва дигар фаъолони деҳот иштирок намуданд. Нахуст дар деҳаи Нақшбандон маркази хизматрасонии бонкии бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ” Амонатбонк” мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд. Мақсади […]

Маориф

БУНЁДИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ 10-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо мақсади рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити инфрасохтори соҳа сокинони ҷамоати 10-солагии Истиқлолият тасмим гирифтанд, ки бинои нави муассисаи таълимии рақами 80-ро бунёд намоянд. Дар ин даргоҳи илму маърифат корҳои сохтумони оғоз гардида, ҷараёни он бо саҳмгузории сокинон тариқи баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона вусъати тоза мегирад. Аз рафти корҳои бунёди дар иншооти мазкур муовини раиси […]

Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (ДАЪВАТИ ШАШУМ) БАРГУЗОР ШУД.

ИТТИЛОИЯ Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Баъд аз интихоби ҳайати котибот ва […]

Хабарҳо

МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода машғулиятҳои омодагии мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо баъд аз бонг дар ҷойи муайяншудаи машқӣ ҷамъ омаданд. Рафти ҳолати омодабошӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Турсунзода мавриди санҷиш қарор гирифт. Баъд аз […]

Маориф Фаъолияти намояндагон

НАВРӮЗ – ОҒОЗИ ПАЙКОРИ СОЗАНДА

Дар баробари таҷлили тантанаҳои Наврӯзи гулрез дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода корҳои созанда ҷиҳати бунёди бинои нави МТМУ №68 оғоз гардиданд. Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо рафти корҳо вобаста ба бунёди бинои нави боргоҳи илму маърифат шинос шуданд. Соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Давлатов, ки бунёди бинои навро ба зимма гирифтааст, […]

Эълонҳо

ЭЪЛОН – ИНТИХОБОТ

Ба таваҷҷуҳи интихобкунандагони участкаҳои интихоботии №11 ва №12 “Шаҳраки дуюм ”- шаҳри Турсунзода расонида мешавад, ки санаи 27 марти соли 2022 аз соати 6 – 00 то 20 – 00 барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ба ивази вакили хориҷшуда интихобот баргузор мегардад. Суроға: участкаи №11- бинои МТМУ №101; участкаи №12 бинои бахши […]

Таҷлил

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

Наврӯзи гулрез дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Турсунзода бо шодиву нишот, мусобиқаҳои варзишиву сайри идона ва корҳои созандаву ифтитоҳи иншооти гуногун идома дорад. Имрӯз сокинони деҳаи Моҳи нави Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев Наврӯзи хуҷастапайро бо ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва сайругашти идона таҷлил намуданд. Дар ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва ҷашнгирии наврӯзии деҳа муовини раиси […]

Таҷлил Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ТУРСУНЗОДА

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд. Дар рафти ҳамоиши идона намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахшу сохтор ва идораву ташкилот ҳамчунин сокинони шарифу сарбаланди шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Нахуст раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]