Таҷлил

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

print
Наврӯзи гулрез дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Турсунзода бо шодиву нишот, мусобиқаҳои варзишиву сайри идона ва корҳои созандаву ифтитоҳи иншооти гуногун идома дорад.
Имрӯз сокинони деҳаи Моҳи нави Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев Наврӯзи хуҷастапайро бо ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва сайругашти идона таҷлил намуданд.
Дар ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва ҷашнгирии наврӯзии деҳа муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил ва ширкат варзида, барои корҳои созанда ба сокинону фаъолони деҳа арзи сипоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро расонида, қудуми файзбори Наврӯзи оламафрӯзро муборакбодӣ намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *