БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисттон аз 2 июли соли 2021, №1802 “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, №327 “Дар бораи Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда” қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 14 сентябри соли 2021, №1382 “Дар бораи комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо ар шаҳри Турсунзода”ба тасвиб расида, дар ин замина Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар шаҳри Турсунзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолият менамояд. Вобаста ба ин масъала Шумо метавонед ба котиби комиссия-мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода муроҷиат намоед. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 83130 24850 ва 903000011