Хабарҳо

БИНОҲОИ НАВИ ХИЗМАТӢ БАРОИ САРҲАДБОНОН

print
Имрӯз бо иштироки фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Шуъбачаи назорати сарҳадии “Дӯстӣ”-и марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави хизмативу маишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар биноҳои нав барои афсарону аскарони сарҳадбон ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизмат ва будубош синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳ, ҳамом ва дигар утоқҳои маишӣ бо шароити муосир омода гардидааст.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иброз доштанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат барои афсарону аскарони тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вазифаи афсарону аскарон бошад, хизмати содиқона ба Ватан буда, бо ифтихору сарбаландӣ қарзи худро дар назди Модар Ватан иҷро кардан аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *