Суханрониҳои раис

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

print

ТАБРИКОТИ

раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам

ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз,

Боиси  шукргузорист, ки дар кишвари азизи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар манотиқи кишвар сокинони шаҳри Турсунзода Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат бо камоли ифтихору сарфарозӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву хонаободӣ ва сулҳу осоишро  таманно менамоем.

Ҳамдиёрони азиз,

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ қабул гардида, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули ҷомеаи шањрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани шуури сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат саҳми муассир дорад.  Доир ба ќабули ин санади сарнавиштсоз муҳтарам Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон фармудаанд:

 «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифамон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои мардуми Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

 Ҳамдиёрони азиз,

Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳанӯз 2500 сол муқаддам ниёгони мо ба масъалаи озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд ва «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» сарчашмаи он маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид.

Ин муќаррарот  дар моддаи 5  Конститутсия чунин баён гардидааст: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.  Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ баёнгари ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз он шаҳодат медињад, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Конститутсия ва таъмини муқаррароти он шароити мусоид фароҳам овард, ки дар баробари дигар шањру навоҳии мамлакат шаҳри  Турсунзода низ пешрафт намуда, бо азму иродаи бунёдкоронаи мардум дар  шаҳр як қатор корхонаҳои саноатӣ ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Ҳамдиёрони азиз,

Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки бо сабаби сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таҳаввулоти сиёсӣ ба вуқуъ пайваста,  ихтилофи мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву амалиётҳои мусаллаҳона хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.

Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳон аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ба қадру қиммати сулҳу суботи комил ҳамчун арзиши муқаддастарин расида,  нагузорем, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гарданд.

Моро зарур аст, ки талаботи Конститутсияро барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат амалӣ намуда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи  он тарбия намоем.

Конститутсияи давлати мо ифодагари манфиатҳои халқ, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, итминони комил дорем, ки  мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузошта, дар асоси ин бахтномаи миллат зиндагию фаъолият намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат  содиқона талош меварзанд.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар Рӯзи қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар – Конститутсияро ба кулли ҳамдиёрон шодбош гуфта, саломативу сарбаландӣ, фирӯзиву хонаободӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *