Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

print
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси шукргузорӣ ва сарбаландии ҳар як фарди миллат аст, ки Иди байналмилалии Наврӯз бо эҳёи табиат, шукуфтанҳо, созандагиву бунёдкориҳои мардуми сарбаланди мамлакат, рӯзгори осудаву сулҳу амонӣ бо гулрезиву файзбахшиҳо ба Тоҷикистони азиз қудуми хуҷаста ниҳод.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сокинони меҳнатдӯсти шаҳрро табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва баракати рӯзгорро таманно дорем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз эҳё гардида, ба яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми Ватан мубаддал гардид.
Мардуми сарбаланди мо аз замонҳои қадим Наврӯзро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, бахшоишу самимият ва оғози кишту кор арзёбӣ намуда, бо самимият ва шодиву сурур ҷашн мегиранд. Бо ташаббусҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат Наврӯз ба ҷаҳониён ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарии халқҳо муаррифӣ гардида, ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Ҳамдиёрони азиз!
Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб ёфта, Наврӯзи даврони истиқлол паёмовари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост. Расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ моҳиятан падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро арзёбӣ намуда, ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои наврӯзӣ, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона ба ҳукми анъана даромадааст. Махсусан, дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагӣ босуръат ҷараён дорад.
Боиси сарафрозист, ки сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Турсунзода низ бо масъулияти баланди ватандорӣ ҷиҳати ободии Ватан камари ҳиммат баста, дар бунёди иншооти гуногуни хоҷагии халқ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Аз ҷумла дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳр як қатор иншооти гуногунҷабҳа сохта ба истифода дода шуд, ки барои ободии Ватан ва боз ҳам беҳтар намудани некӯаҳволии сокинони мусоидат менамояд.
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва ибтикори созандагӣ ба мардуми соҳибфарҳанги мо дар амалисозии нақшаҳои ободкорӣ рӯҳу тавони тоза бахшида, ба аъмоли неку хайр ҳидоят менамояд.
Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу баномуси шаҳр минбаъд низ баҳри ободиву пешрафти диёр бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош намуда, дар татбиқи барномаҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бигзор, ҷашни Наврӯз ҳамчун, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намуда, ба хонадони мардуми мо бахту саодат ва сулҳу суботро эҳдо намояд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро бори дигар ба мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода самимона табрик намуда, ба кулли ҳамдиёрон хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Наврӯзи ҷовидонаро таманно менамоем.
Ҷашни Наврӯзи гулрез муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *