Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури шаҳдбору хушсифат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 13300 тонна навъҳои гуногуни ангур содирот гардид, ки ин нишондод дар ҷамъбасти соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод, яъне танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур дар шаҳр беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳр зиёда аз 40 сардхона бо ғунҷоиши беш аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли ҷорӣ дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзор ҳосили хуб дода, ҳанӯз дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли ҷорӣ содироти ангурро то ба 20000 тонна расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми худро гузоранд. Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хочагиҳои соҳибтаҷриба, аз ҷумла “Боғи Сомон” , “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” саҳмибештар дошта, дар майдони токзори хоҷагиҳои мазкур беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир буда, ба сидорот нигаронида шудааст.
Сабтҳои охирин
САРДХОНАИ НАВ – БО ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ
Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Исҳоқбобо-2008” бунёди сардхонаро барои нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта, имрӯз бахшида ба 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистони ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми онро мавриди истифода қарор доданд. Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи иншоот […]
БО МАҚСАДИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Масъалаи муҳииме, ки дар давраи вусъати бемории сироятии короновирус рӯ ба рӯи инсоният қарор дорад, таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати баланд дбардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи замин таъмини нақшаи кишти асосӣ ва беш аз 60 баланд бардоштани кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ […]
ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ҶИҲАТИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ҚАЗОҚИСТОН
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Бакит Турлиханович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти […]