Экология

ХУРРАМГАРДОНИИ ДЕҲОТИ РЕГАР

print

Бо мақсади татбиқи қарори раиси шаҳри Турсунзода дар бораи гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ  ва ободонӣ дар шаҳри Турсунзода дар давраи солҳои 2020-2021 дар деҳоти Регар корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Рӯзҳои истироҳатӣ фаъолони деҳот ҷиҳати шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи кипариси аризонӣ  дар шафати роҳҳои найлиётгард ҳашари дастаҷамъона эълон доштанд, ки дар натиҷа 150 бех ниҳол ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.

Дар мавсими кабудизоркунӣ бошад, дар ҳудуди деҳот беш аз 2000 ниҳоли гуногуни ороишву сояафкан шинонида шуд, ки сабзиш ва нашъунамои он хуб Соли ҷорӣ дар деҳоти Регар баробари кабудизоркунӣ, инчунин  дигар чорабиниҳои экологӣ низ вусъати тоза гирифт. Сокинони деҳот беш 2000 метр ҷӯйборҳои байнидеҳавиро тоза ва сементкорӣ намуданд.  Аксияи тозагии соҳилу маҳал ва роҳ мунтазам тибқи нақша ташкил ва баргузор гардида, муҳити зист аз партовҳои истеъмолӣ, сахти маишӣ ва партовҳои истеҳсоливу бесоҳиб тоза карда мешавад. Дар ҷараёни тадбирҳо мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист низ ширкат варзида, ҷиҳати дар доираи талаботи агротехникӣ амалӣ гарададани корҳо миёни аҳолии деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *