Экология

ШОҲРОҲ – ИНЪИКОСГАРИ  ОБОДИИ ШАҲР

print
  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Турсунзода инчунин ҷиҳати хуррам ва назаррабо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулҳои садбарг, мавсимӣ, инчунин дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуда, ҳар як минтақа ба масъулон вогузор гардида, зери назорат доимӣ қарор дорад.
Имрӯз дар минтақаҳои гулкории шоҳроҳ, ки асосан онро гулҳои садбарг ороиш медиҳанд, корҳои нармкунии бехи ниҳолҳо ва қаламчаи гули садбарг ҷараён гирифта, минтақаҳои камоб ҷиҳати сабзиш ва авҷи гулҳо обёрӣ гардид.
 Зимни суҳбат сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии мамлакат ба ҳисоб рафта, шаҳроҳи байналмилалӣ  давлати моро тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дигар мамолик мепайвандад. Ҳар меҳмоне, ки аз сарҳад гузашта, вориди шаҳри Турсунзода шуд, таассуроти аввалини худро  доир ба Тоҷикистон эҳсос менамояд, аз ин лиҳоз, шоҳроҳ инъикосгари ободии шаҳр ва ободии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Вазифа ва масъулияти ҳар яки сокинони шаҳр аст, ки диёри мо тозаву озода ва намуна бошад, зеро он остонаи кишвар аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *