Маориф Ҳамкорҳои байналмилалӣ Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

ОҒОЗИ КОРҲО ДАР САМТИ БУНЁДИ МАКТАБ АЗ ҶОНИБИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

print
Гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Фонди аврупоии рушд ва тараққиёт аз майдони сохтмон ва оғози корҳои амалигардида дидан намуд.
Раиси шаҳри Ту рсунзода Акрамзода П.А. қайд намуд, ки ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд.
Тибқи нақша моҳи апрели соли ҷорӣ корхои сохтмонӣ оғоз гардида, дар муддати 18 моҳ мактаб сохта , ба истифода дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки бунёди яке аз ин мактабҳо дар шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *