Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бахшида ба РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

print
Муҳтарам намояндагони матбуот ва воситаҳои ахбори омма!
Дар кишвари маҳбубамон ҳамасола 11 – март Рўзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тамоми матбуотчиён ва кормандони васоити ахбори оммаро табрик намуда, сарбаландиву хонаободӣ ва комёбиҳои нави эҷодиро таманно дорем.
Таърихи матбуоти тоҷик бо нашри рўзномаи «Бухорои шариф» ҳанўз аз 11 марти соли 1912 сарчашма гирифта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду нумуи тоза ёфта, бо ҷилои нав рўи нашр омад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо намояндагони матбуоти давр ҳамкории густурда дошта, барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд.
Матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи б85 сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолї рост меояд.
Агар дар даврони Шўравї дар шаҳр як газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ 5 нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Бўалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият намуда, дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ва тарбияи маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони шаҳр нақши муносиб доранд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати иттилоотии Ҳукумати кишвар, расонидани саривақтии иттилоот ва нашру инъикоси маводҳои таҳлилӣ мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо васоити ахбори ҷумҳуриявӣ ҳамкории васеъ дорад. Аз ҷумла давоми соли 2020 доир ба паҳлўҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода тавассути расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар беш аз 130 маводу гузоришҳо нашр ва инъикос гардид.
Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот,
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккули афкори ҷомеа расонаҳои хабарӣ нақши муҳиму арзанда доранд. Имрўз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонї масъулияти аҳли қалам беш аз пеш зиёд гардида, аз ҳар як корманди матбуот ва васоити ахбори омма тақоза менамояд, ки дар инъикоси воқеии масъалаҳои глобалӣ, хусусан дар интишори мақсад ва ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб маводҳоро нуктасанҷона пешниҳоди ҷомеа гардонанд.
Соли ҷорї барои ҳар фарди мамлакат соли таърихӣ ба ҳисоб рафта, мардуми меҳнатдўсти мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбуби худро таҷлил менамоянд. Дар кишвар ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллї нақшаҳои созанда ба тасвиб расида, бунёдкориву ободонӣ муташаккилона идома доранд. Дар шаҳри Турсунзода низ бунёду азнавсозии беш аз 380 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, беш аз 260 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корҳои созанда ва ободонӣ боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини диёр буда, аз аҳли эҷод тақозо менамояд, ки тариқи мақолаву маводҳои чопӣ эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллии ҷавононро баланд бардошта, ҷиҳати рушду пешрафти диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.
Бо ин ниятҳои нек таҷлили Рўзи матбуоти тоҷикро ба тамоми аҳли эҷод, кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори умум бори дигар шодбошӣ намуда, саломативу саодати рўзгор, муваффақиятҳои касбӣ ва парвози баланди илҳоми эҷодиро таманно дорем.
Саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *