Чоряк аср муқаддам дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти нави сиёсию иҷтимоӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт, ки дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат ба таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулият дорад. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш ба минбари муколама, таҳлилу машварат, таҳаммулпазирии диду назарҳо ва табодули назар мубаддал гашта, дар атрофи худ беҳтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро гирд овардааст.
Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ аз тариқи баргузории ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конфронсу назарсанҷӣ ва семинарҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронда мешавад, ки дар кори онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли масоили мубрами мавҷуда пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол медорад.
Дар тӯли 25 – соли фаъолияти пурсамари хеш Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби бузурги таҳлилӣ, машваратӣ ва омӯзиш табдил ёфта, дар ин муддат вазифаҳои зеринро ба таври мунтазам иҷро намудааст:
– таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин, рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;
– таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавӣ) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузарондани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин, пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;
– таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инчунин, пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронда шудаанд;
– ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор;
– мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;
– мусоидат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.
Масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегиранд, бо пешниҳоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мувофиқа ва бо ризоияти Раиси Шӯро мушаххас гардида, дар сурати зарурат масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаҳои ғайринавбатии он матраҳ мегарданд.
Раванди муколама дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос аст, зеро он ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар ҷаласаҳояш ҷонибҳо аз як тараф роҳбарияти олии давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз тарафи дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бевосита ширкат варзида, қарорҳои ҷаласаи шӯро дар асоси усулҳои демократӣ, баробарҳуқуқӣ ва озодона қабул мегарданд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, қарорҳо бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул мешаванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар байни роҳбарони ҳизбу ҳаракат, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии узви шӯро, ихтилофи назар вуҷуд надошта бошад. Борҳо шудааст, ки вобаста ба ин ё он масъала андешаҳои аъзои шӯрои ҷамъиятӣ ба таври гуногун баён шудаанд. Лекин, вақте ки дар бораи ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа сухан меравад, аъзои шӯро сарфи назар аз мансубият ба ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳаммарому ҳамақидаанд ва якдилона манфиатҳои миллии кишварро аз манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва минтақавӣ боло гузошта, сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ танқид чизи муқаррарист, зеро узви Шӯрои ҷамъиятӣ роҳбарони ташкилотҳои бонуфуз, ашхоси саршиноси сиёсӣ – ҷамъиятӣ, олимону зиёиёни озодандеш ҳастанд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фикру андеша ва мулоҳизаҳои худро доранд. Ба назари аввал чунин менамояд, ки созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳокимияти давлатиро бо назардошти дарки субъективии худ танқид мекунанд: гӯё ҳадафи асосӣ ва бахши фаъолияти онҳо фақат аз танқид иборат бошад, вале дар аснои муколама аъзои шӯро кӯшиш мекунанд, ки аз доираи усули созанда, воқеъбинона ва одилонаи танқид берун нараванд ва ба иззати нафси шахсиятҳо нарасанд. Ба яқин интиқодҳои иброзшуда дар ин муколамаҳо ба манфиати таҳкими арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд. Ҳадафи интиқод фақат барои нуктагирӣ нест, мақсад аз он иборат аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо амал намуда, нуқсу норасоиҳоро бо ёрии ҳамдигар бартараф намоянд.
Вобаста ба вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳое, ки мавзӯъҳои онҳо ба таври мунтазам давра ба давра баррасӣ мегарданд, ба рӯзномаи ҷаласаҳои шӯро ворид гардида, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳогузорӣ шуда, нуқтаи назарҳо мушаххас мегарданд. Иловатан, масоили мубраме, ки характери консептуалӣ доранд ва дар сатҳи сиёсати умумимиллӣ муҳим арзёбӣ мешаванд, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷумла:
– шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок ва мусоидати Шӯрои ҷамъиятӣ дар амалӣ шудани барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дувуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– ҳамкории ҳарчи бештари аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат – таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар;
– тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд;
– нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;
– ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар;
– масъалаҳои кор бо ҷавонон, занону духтарон, гендерӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи фарҳанги миллӣ;
– баррасии барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаи қонунҳои нав аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Соли ҷорӣ Шӯрои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои зеринро дар нақшаи кории худ дохил кардааст:
- Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мизи мудаввар дар мавзӯи “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ”.
- Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ.
- Конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20 – солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ солҳои 2020-2021”.
- Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, инчунин, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ.
- Баррасии лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” ва нақшаи амалисозии он дар солҳои 2021-2025.
- Саҳми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар.
Бо гузашти солҳо маълум гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи сиёсиву зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт. Шӯро ҳамчун ниҳоди бонуфузи сиёсӣ-иҷтимоӣ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар амалисозии сиёсати давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ саҳми арзишманд гузошт ва иҷрои ин вазифаи муҳимро идома хоҳад дод.
Н. САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми фалсафа