ИНТИХОБИ ДУРУСТУ САРИВАҚТӢ
17 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он интихоб гардид.
Ба назари ман интихоби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби дуруст ва саривақтист. Зеро танҳо гузаштаи се чор соли охир худ баёнгари он он аст, ки пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе зебову диданӣ ва дилрабо гардидааст ва интихоби Рустами Эмомалӣ, ки худ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намудааст, хеле бамаврид аст.
Рустами Эмомалӣ ҳарчанд ҷавон бошад ҳам, тавонистааст исбот намояд, ки ӯ роҳбари серталабу қатъӣ ва аз иҷрои кор баромада метавонад.
Агар шахсе, ки дар чанд соли охир ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе нарафта бошад, баробари дидани кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони он ҳатман ба Рустами Эмомалӣ барои ин созандагию ободонӣ офарин мегӯяд.
Ба назари шахсии ман бо интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оянда дар рушди низоми қонунгузории мамлакат беҳбудиҳои зиёд ба амал меоянд ва сифати қонунҳо беҳтар гардида, заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа боз ҳам таҳким меёбад.
Ободкориву бунёдкориҳои пойтахти кишварро дида бо бовари комил метавон гуфт, ки дар пайи амалисозии дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои Рустами Эмомалӣ хеле бузург аст.
Интихоби Рустами Эмомалӣ дар вазифаи сармасъул – раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро дар назди ӯ боз ҳам афзун менамояд. Бо боварии том метавон зикр намуд, ки дар ояндаи наздик пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Олам табдил меёбаду дар кишвар қонунҳое таҳия ва қабул мегарданд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаи маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона мегарданд.
Дар ин роҳи масъулиятнок ба раиси ҷавону тозаинтихоб, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бурдбориро таманно дорам.
Ҳамроқул Ҷӯраев,
«Алюминийи Тоҷикистон»