Экология

БУНЁДИ БОҒИ ХОТИРА

print

Ба пешвози 75 солагии Ғалаба бар фашизм дар МТМУ№12 деҳаи Қаратоғ “Боғи хотира” ба хотираи иштирокчиён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини якуми рариси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода, муовини сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамсутдинов Шамил Фоатович, намояндагони Маркази илмию фарҳангии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва афсарону сарбозони базаи ҳарбии 201 мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони деҳа ва устодону шогирдони мкуассисаи таълимӣ ширкат варзиданд.

Зимни суҳбат муаррих ва таърихшинос устод Руҳулло Ҷӯрабоев қайд намуд, ки баробари дигар чавонмардони Тоҷикистон аз деҳаи Қаратоғ солҳои ҶБВ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан чавонгмардона муҳолриба бурда, шаҳид гардидаанд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар МТМУ№12 деҳа лавҳаи иштирокчиёни ҷанг низ омода гардида, номи ҳар як иширокчии ҶБВ дар рӯи санг ҳаккокӣ гардидааст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *