Хабарҳо

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

print

Бо мақсади  иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   13 декабри соли 2018, №АП-1140  қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 1 марти соли 2019, №227 “Оид ба ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” барои солҳои 2019-2021 ба имзо расида, Низомнома ва ҳайати гурӯҳи корӣ тасдиқ гардид .

Дар давраи баргузории озмун гурӯҳи корӣ аз боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои гулкории шафати шоҳроҳ, мавзеъҳои гулкории Муассисаи манзилию коммуналӣ, шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ, кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимию тиббӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, гармхонаҳои гулпарварӣ дидан намуд.

Тибқи Низомнома вобаста ба шумораи гулгаштҳо,  мавзеъҳои гулзоршуда, интихоби навъҳои гулҳо, гуногунрангии биологии гулҳо, муҳлати шукуфоӣ, ороиши қитъаи гулкорӣ, вазъи нашъунамо ва рушди онҳо аз ҷониби  гурӯҳи корӣ баҳогузорӣ гардид.  Инчунин зимни баҳогузорӣ интихоби композитсияи мавзеи гулҳо, сифати корҳо ба инобат гирифта шуд.

Гурӯҳи корӣ аз рӯи натиҷаи марҳилаи якуму дуюми баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Турсунзода ғолибони зеринро муайян намуд.

Миёни деҳаҳо: деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҷойи якум, деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод ҷойи дуюм, деҳаи Деҳваки Ҷамоати деҳоти Работ ҷойи сеюм.

Миёни кӯчаҳои маркази шаҳр: кӯчаи Мирзо Турсунзода ҷойи якум, кӯчаи Исмоили Сомонӣ ҷойи дуюм, кӯчаи 15 солагиии Истиқлолият ҷойи сеюм.

Миёни маҳаллаҳои маркази шаҳр: маҳаллаи дуюми шаҳр ҷойи якум, маҳаллаи  сеюми шаҳр ҷойи дуюм, маҳаллаи якуми шаҳр ҷойи сеюм.

Миёни муассисаву ташкилоти шаҳр: муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ҷойи якум, шуъбаи фарҳанги шаҳр ҷойи дуюм, шуъбаи маорифи шаҳр ҷойи сеюм.

Миёни ҷамаотҳои деҳот:Ҷамоати деҳоти Пахтаобод ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти Работ ҷойи дуюм, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҷойи сеюм.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун шаҳри Турсунзодаро муаррифӣ менамоянд.

ЛОИҚ РАҲМОНОВ,

сардори шуъбаи ҳифзи

муҳити зисти шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *