Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии корвони саломатӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳҳизоти баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайраҳо маърӯзаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш гардида, инчунин моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Давоми 10 рӯз корвони саломатӣ дар деҳаҳо беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, нтернатсионалистҳо, чернобилчиён, шахсони муътабар ва дигар нгиёзмандонро хона ба хона хабар гирифта, муоина ва машварати тиббӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии деҳавӣ тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тақриби 8000 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхис фаро гирифта шуда, ба беморони дарёфтгардида тавсияҳо барои табобат фармуда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад. Менедҷери КАТС –и шаҳри Турсунзода Растамов Шарофиддин
Сабтҳои охирин
МАҚСАД: ДАСТРАСӢ БА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ
Дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар ҳар як деҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода бунёди силсилаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз оғози соли ҷорӣ дар деҳот 3 муассисаи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯзҳо дар деҳоти Сешанбе, Регар, Т Тӯйчиев, Маркази […]
БУНЁДИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БА ИВАЗИ САФАРИ ҲАҶ
Мадумаров Зикриё яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва аъзои хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ният намуд, ки ба ивази сафар ба ҳаҷ барои халқу Ватан хизмате карда бошад. Бо ин нияти нек оғози соли ҷорӣ дар яке аз деҳаҳои дурдаст-деҳаи Адири Ҷамоати деҳоти ба […]
АЗНАВСОЗИИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, яке аз бахшҳои муҳим ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди соҳа ба масъалаи тарбияи мутахассисони миёнаи касбии самти тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ равона мегардад. Дар доираи тадбирҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи […]